Ҳушдори раиси аграриҳо аз ғизоҳои "сиёсӣ" дар арафаи интихобот

Ба қавли раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон ояндаи наздик истеҳсол ва тиҷорати маводи озуқаворӣ ба як аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ табдил хоҳад шуд. Ин нуктаро Рустам Латифзода дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон изҳор доштааст.
Ӯ зимни мулоқоти аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандаҳо дар маркази вилояти Хатлон гуфтааст, “дар ояндаи наздик истеҳсол ва тиҷорати маводи озуқаворӣ ба як аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаи муассири фишорҳои сиёсии байни давлатҳо табдил меёбад”. Раҳбари аграриҳо аз муносибатҳои Иттиҳоди Аврупову Амрико бо Русия мисол зада изҳор доштааст, “таъсири номатлуби ин муносибатҳоро ба иқтисодиёти кишварамон дида истодаем”.
Дафтари матбуотии ҲАТ мегӯяд, дар ин мулоқот Латифзода таъкид кардааст, вобаста ба муҳим будани соҳаи аграри дар Тоҷикистон бояд дастгирии бахши кишоварзӣ ва рушди деҳоти кишвар самти асосии сиёсати давлатӣ дониста шавад: “Таносуби маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамавақт назаррас буд ва солҳои охир он мутаассил 21-23%-ро ташкил медиҳад ва аз дигар бахшҳои иқтисодиёт – энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ баланд аст”.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки ба иддаои масъулинаш 47 ҳазор аъзо дорад, мегӯяд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ то имрӯз 33 намояндаашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва 958 нафарро ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сабти ном кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |