Бахшҳо

Вокуниши хонандаҳо ба навиштаҷоти “сихкабобу оши хуҷандӣ”

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии созмонёфтае, ки 28 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз ба номи маҳалҳо номгузорӣ шудани анвои ғизо интиқод кард. Ӯ гуфт, “шиору овезаҳои хӯрокҳо бо номи маҳал, масалан, сихкабоби хуҷандӣ, оши... ва ё дигар намуди шиору овезаҳо аз ин қабил хеле зиёданд, махсусан дар минтақаи Калхози Россия”.

Ба қавли хонуми Шарофзода, аллакай бо раисони чор ноҳияи пойтахт гуфтугӯ карда ва ваъда гирифтаанд, ки дар наздиктарин фурсат чунин шиору овезаҳоро аз пойтахт тоза хоҳанд кард.

Ин нукта бо вокунишҳои зиёди хонандаҳои “Озодагон” рӯбарӯ шуд. Бештари шарҳнависон гуфтаанд, ки ба номи як маҳал номгузорӣ шудани ғизо ба ҳеч ваҷҳ ба маънии маҳалгароӣ нест, балки ба ин маънист, ки он ғизо бо шеваи ҳамон маҳал таҳия шудааст. Аксар навиштаанд, ки ба номи як минтақа гузоштани ғизо хоси танҳо Тоҷикистон набуда, дар кишварҳои дигар низ фаровон истифода мешавад. Як корбари “Озодагон” менависад: “Дар Туркия ҳам бо ишора аз номи маҳал таомҳо номгузорӣ мешаванд. Аз минтақаҳои Тоҷикистон танҳо Хуҷанд бо таомҳояш машҳур аст. Барои ҳамин сихкабоби Хуҷанд, ки шуд, мардум ба он ҷо меравад. Яъне, нишони сифат. Дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳунари пухтупаз надоранд. Агар бо номи он минтақаҳо номгузорӣ кардӣ, ягон кас ба ошхонаат намеравад”.

Салима, шарҳнависи дигар навишта, гуфтани оши хуҷандӣ ё самбусаи хуҷандӣ ҳеч хусусияти маҳалчигӣ надорад, зеро пухтани ош, самбуса, сихкабоб ва ғайраву ҳоказо дар ҳар маҳал ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон усули хоси тайёр намудани худро доранд ва бо тамъу лаззаташон фарқ мекунанд: “Масалан банда вақте дар Муминобод будам аз ошхонаи назди бозор ош фармудам, ба наздам ошеро оварданд, ки рангаш комилан зард буд ва монанд ба оши озариҳо. Дар Панҷакент бошад, ошро асосан бо сабзии зард ва ё зардҷома тайёр мекунанд ва ин ош аз дигар минтақаҳо билкул фарқ мекунад. Оши Хуҷанд ҳам мисли оши Самарқанд хусусияти хоси пухтани худро дорад ва чунин ош дар ҳеч минтақаи дигари Тоҷикистон бо чунин усули хоси худ пухта намешавад. Ё дар баъзе ошхонаҳои Душанбе оши Ургутӣ мепазанд, ки комилан аз ошҳои дигар фарк мекунад ва дар таркибаш мавиз ҳам дорад. Сихкабоб ҳам чунин аст”.

Хонандаи дигари торнамои мо як рӯйхати ғизоҳои итолиёвиро нашр кардааст, ки ба номи маҳалҳои гуногун номгузорӣ шудаанд. “Ин маҳалчигӣ нест, агар тарзи тайёр ва пешкаши ғизо аз ягон маҳалли конкретӣ бошад, пас ин дуруст аст. Дар тамоми дунё ин чиз маъмул аст ва касе дар бораи маҳалчигӣ сухане намегӯяд”,-гуфтааст ин корбар ва идома дода, “ба наздикӣ дар пойтахт супермаркети Ашан кушода мешавад, ин як маҳалли Фаронса аст. Ё ин ки БМВ аз Бавария гирифта шудааст, чӣ ҳамаашро манъ мекунед?! Номгузории ғизо аз рӯи маҳал ин ягон мушкилие надорад. Масалан итолиёвиҳо даҳҳо хӯрокҳое доранд, ки баромади маҳаллӣ доранд”.

Садриддин менависад: “Муҳтарам, масъулини Кумитаи забон ва ислоҳот, агар қурутоби Сари Хосор ё шакароби Файзобод гӯем ё реклама карда шавад, ин нишонаи маҳалчигиро надорад! Беҳтараш аз аввал то охири хиёбони Рӯдакиро дидан кунед, бисёр навиштаҷоти аҷоибро дучор мешавед”.

Аммо тарафдорони пешниҳоди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам кам нестанд. Корбаре бо номи “ТЧ” менависад: “Тоза кунед, ин чизҳо нолозим аст. Мизоҷ алакай медонанд, ки кадом ресторан чи гуна ош ё самбуса дорад”. “Туман” бо навиштани “Бисёр иқдоми хуб” иктифо карда.

Ва корбари дигар даъво карда, ки “сихкабоб кашфиёти Хуҷанд нест”. Ӯ дар тақвияти сухани худ менависад: “Дар Бухоро, Самарқанд, водии Фарғона тамоми маҳалоти узбакнишин, ки собиқ тоҷикнишин буд, ҳамин гуна кабоб мепазанд, чаро имрӯз хуҷандӣ онро барояш “бренд” кардааст? Мисли он ки узбакҳо оши паловро, ки аз замони шоҳ паҳлавии Форс боқӣ мондааст, “узбекский плов” ном монда, моли худ карданд”.

Шарҳҳои дигари корбаронро инҷо бихонед
Мӯҳр
Дуруд !
Кумитаи истилохот бо ду пояш мелангад.Кори дар иртибот забону вожагузинии Кумита сифр аст. Бо ин диди дохундаги забон обод нахохад шуд ва Кори забон бо Худост. Ин КУмитаро бояд чехраи саршинос дар чомиаи точик ва бурун аз он сарвари намояд.Хурокхо ва анвои он дар масири таърих бо сифат ва фарханги тахияаш ба шахрхо дар иртибот аст.

МИРМУХСИН
МУХТАРАМ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОХОТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОНПЕША АЗ ХАМА ЯК ЧИЗРО БОЯД КАЙД КАРД КИДАР ХИЁБОНИ РУДАКИ БИСЁР НВИШТАЧОТХО БО ЗАБОНХОИ ХОРИЧИ ВА ГАЙРИДАВЛАТИ НАВИШТА ШУДААСТ ЧАРО БОРХО РЕДХОИ МУШТАРАК МЕШАВАД ВАЛЕ НАТИЧА НЕСТ ЧУНКИ БИСЁР МАГОЗАВУ ДУКОНХОИ ДАР МАРКАЗ БУД АЗОНИ МАНСАБДОРОН АСТ ЛЕКИН ЯК ОШПАЗИ ОДИИ ХУЧАНДИ БАРОИ РИЗКУ РУЗИИ ХУД БА ПОЙТАХ МЕОЯД БА РИЗКИ ОНХО ЗОМИН ШУДА ИСТОДААЕД ИН КОРИ ХУБ НЕСТ

Хитоб ба кумитаи забон шумо аввал худатон забонро ед гиред хозир агар аз кормандони кумитаи забон имтихон гирем ягонтои шумо хатто бахои се намегиред, дар идора ва корхонахои давлати ба забони давлати риоя намешавад. Дигар бояд муаллимон дар донишгох забони давлатиро донанд, шумо бешед дар чи гам. Ха е шумо мехохед аз хамон сохибкорон низ ягон манфиатгиред.

ин овезахо ягон бади надорад баръакс мо метавонем бифахмем ки кучо хуроки бомазза аст. шахсан ман хурокхои хучандию самаркандиро хеле хуш дорам ва ин ягон махалчиги нест, ва боз илова мекунам ки авлодони ман аз шимоли кишвар хастанд ва ман доимо худамро точик нею сугди гуфта муаррифи мекунам ва ифтихор мекунам.

"Дарозро мону кутохро бур"-ин макол ба Кумитаи забон гуфта шудааст.Хонум Шарофзода аз мансабдорони давлатй "даъват"карданд,ки ному насабашонро "точикй" кунанд,баъд ба магозаву дукон,ошхонаву корхона часпиданд...Барои як кумитаи давлатй ин кораст???Назди худ ягон максади калонтар гузошта метавонед?Имруз дар Точикистон забони ягонаи адабй вучуд надорад.Масалан тамошобини чанубй "ХАНДИНКАМОН"и шимолро тамошо намекунад ва шимолй "ГАРИБШО..."ро.Хар як рузнома забони худро дорад.Садову симохои махаллй низ.Дар як чо "танкид" дар дигар чо "интикод",яке "катл" дигаре"эъдом" мегуяд...Чунин мисолхо хеле зиёданд. Мархамат ,як хунаратонро нишон дихед!Ба точирону сохбкорони майда зуратон расид? Бе Шумо хам "хуранда"хояшон зиёд аст.

"Дарозро мону кутохро бур"-ин макол ба Кумитаи забон гуфта шудааст.Хонум Шарофзода аз мансабдорони давлатй "даъват"карданд,ки ному насабашонро "точикй" кунанд,баъд ба магозаву дукон,ошхонаву корхона часпиданд...Барои як кумитаи давлатй ин кораст???Назди худ ягон максади калонтар гузошта метавонед?Имруз дар Точикистон забони ягонаи адабй вучуд надорад.Масалан тамошобини чанубй "ХАНДИНКАМОН"и шимолро тамошо намекунад ва шимолй "ГАРИБШО..."ро.Хар як рузнома забони худро дорад.Садову симохои махаллй низ.Дар як чо "танкид" дар дигар чо "интикод",яке "катл" дигаре"эъдом" мегуяд...Чунин мисолхо хеле зиёданд. Мархамат ,як хунаратонро нишон дихед!Ба точирону сохбкорони майда зуратон расид? Бе Шумо хам "хуранда"хояшон зиёд аст.

Чиба кумитаи забон намегуяд ки хофизои кучаги "Бобата бгу очама рози куна" нахона намегуяду мечаспад ба сихкабоби хучанди? Чаро бачасароиро манъ намекунад? Чаро матни сурудхои кучагии шармадагихои шармзоро намебинанд? Чаро матни хакоратии репсароёнро мавриди мухокима намегиранд? Аввал инхоро бинанд баъд дигар чизро

Бо салом!
Ин Кумитаро кай як чехраи огох ва точикманиши вокеию хорикаи шигифтангезии забони бихиштии моро то чое эхсоскунанда сарвари мекарда бошад?Президенти азизу мухтарами кишварро касоне фиреб медиханд ва ба рохбарии идороти масъулухуввиятманд ва шиносномаи миллат ашхоси камсаводу махдудро пешниход мекунанд.Шахси босаводу огох ва масъулиятдор нисбат ба таъриху фарханги миллат вай ба махал хеч иртиботе надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)