Фаъолияти шабонарӯзии КМИР дар остонаи интихоботи парлумонӣ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаштааст.
Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИРТ ба “Озодагон” гуфт, рӯзи дуюм аст, ки фаъолияти шабонарӯзӣ доранд: “Тибқи ин реҷа, рӯзи кории аъзо ва тамоми кормандони КМИР то соати 20-21-и шом дароз шудаааст ва шабона то субҳ навбатдории шахсони масъул ташкил гардидааст”.
Абдуманнон Додозода таъкид намуд, сабти расмии номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба анҷом расида, ба 22 курсии парлумонӣ аз аҳзоби сиёсӣ 103 номзад ба қайд гирифта шудаанд. Раҳбари дастгоҳи КМИР гуфт, то фардо, 8 феврал ҷараёни сабти расмии номзадҳои пешбаришуда аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба итмом хоҳад расид.
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон якуми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |