Боздошти сарнозири шӯъбаи фуруши барқ барои тасарруфи 28 300 сомонӣ
Як корманди Шабакаҳои барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иттиҳоми сохтакории аснод ва суистифода аз ваколати мансабӣ боздошт шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, Абдулло Гадоев, сарнозири шӯъбаи фуруши барқи Шабакаҳои барқи ноҳияи Синои пойтахтро дар асоси шикояти шаҳрванд Ҳаитов Р.Т. дастгир кардаанд. Ҳаитов гуфтааст, Гадоев аз ваколатҳои мансабиаш сӯиистифода намуда, маблағҳои пули истифодашудаи барқи нонвойхонаи мутаалиқ ба ӯро дар чанд марҳила ба маблағи умумии 29 000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ ҳамагӣ 700 сомониашро ба хазинаи “Амонатбок” супорида, 28 300 боқимондаро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф кардааст.
Агентӣ мегӯяд, “инчунин Гадоев А.А. бо мақсади руйпуш намудани кирдори ҷинояткоронааш ба шаҳрванд Ҳаитов Р.Т. 6 адад расидҳои бонкии қалбакӣ аз номи БДА “Амонатбонк” оид ба даромади маблағи 21 000 сомонӣ бо тариқи сохтакорӣ тайёр карда додаст”.
Ба иттилои манбаъ, оид ба ин ҳолат нисбат ба Гадоев Р.Т. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 340 қими 2 бандҳои “а,б”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |