Интиқоди Прокурори Бадахшон аз заминфурӯшиҳои мансабдорон
Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон аз заминфурӯшии ғайриқонунӣ дар вилоят интиқод намуда, мансабдоронро аз дастандаркорони чунин ҷиноятҳо хондааст.
Арбобов зимни нишасти матбуотии солона изҳор доштааст, дар робита ба ғайриқонунӣ азхуд кардани заминҳо барои бунёди манзил, аз ҷониби макомоти прокуратураи Бадахшон, то ба ҳол 26 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардиданд: “Аз ҷумла нисбати 32 қарори раҳбарони шаҳру навоҳии вилоят эътироз оварда шуда, нисбати се мансабдор бо моддаи 247 қисми 2 ва 3, яъне бо роҳи қаллобӣ фурӯхтани замин, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.”
Тавре сомонаи маҳаллии “Импулс” аз қавли Арбобов менависад, таҳлилҳои прокурорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар вилоят баъзан афроде соҳиби замин мешаванд, ки ба он комилан эҳтиёҷ надоранд: “Баъди гирифтани замин онро ба дигарон бо нархи зиёда аз 7 ҳазор доллари амрикоӣ мефурӯшанду аз он маблағи муфтро ба даст меоранд. Яъне чунин афрод бо қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии вилоят, кумитаҳои заминсозӣ ва дигар мақомот ҳангоми ҷудокунии замин ҳилакорӣ мекунанд.”
Додситони Бадахшон инчунин аз Комиссияҳои ҷамъиятии назди мақомот интиқод намуд, ки чунин ҳолатҳоро нодида мегиранд. Ӯ даъват намудааст, ки мубориза бо қонуншиканиҳо дар ин соҳа пурзӯр карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |