Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Сармураббии Олӣ эълон шуд
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон муроҷиати варзишгарони тоҷикро нашр кард, ки дар он ба раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили “Ҷоизаи Президенти ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” миннатдорӣ баён шудааст.
Дар номаи варзишгарон, ки имрӯз, 6 феврал Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дастраси “Озодагон” намуд, гуфта шудааст, “мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани фармони Шуморо “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” шунида, ниҳоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рӯҳбаланд намуд”.
Дар ин нома дар қатори кумита, инчунин изҳри сипосу минатдории Кумитаи миллии олимпӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон низ аз ба тасвиб расидани фармони президент дар бораи ҷоизаи мазкур зикр шудааст.
“Таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, бори дигар аз олиҳимматӣ ва ғамхории падаронаатон оид ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дарак медиҳад. Ин иқдом масъулияти моро дучанд афзун намуда, моро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизамонро боз ҳам баландтар бардорем”, - омадааст дар ин муроҷиатнома.
Дар идома таъкид шудааст, “мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро муқаддас мешуморем ва онро сидқан дӯст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем”.
Дар муроҷиатномаи мазур қайд гардидааст, мулоқоти раисиҷумҳури кишвар бо варзишгарон, ки 20 декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшида, баъди ин вохӯрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |