Бахшҳо

Боздошти Мулло Фозилов барои дуздиҳо дар намози Ҷумъа

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 30 солаи ноҳияи Рашт хабар дод, ки барои чандин ҳолати дуздӣ дар масҷидҳои ин минтақа муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дастгиршуда Мулло Фозилов, истиқоматкунандаи кӯчаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, вақти намозхонӣ дар масҷид аз шумораи зиёди намозгузорон истифода бурда, маблағ ва дигар ашёҳои гаронарзиши онҳоро медуздидааст: “Дар пайи шикоятҳои зиёди намозгузорон аз гумшавии ашё ва маблағ шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт таҳоратхонаҳоро таҳти назорат қарор дода, муттаҳам дар дуздиро ошкор ва боздошт кардааст.”

Ба иттилои мақомоти пулис, тафтишот нишон додааст, ки Мулло Фозилов ба масҷид на барои адои намоз, балки барои анҷоми амали ҷиноии худ омада, аксаран фурсати муносиб - рӯзҳои ҷумъаро интихоб мекардааст: “Боздоштшуда қаблан низ барои дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Феълан 6 далели дуздӣ аз ҷониби Фозилов ошкор шудаанд.”

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, алайҳи Мулло Фозилов тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
madamin
ала чунта маст кна...мембри одам вори кор кни, пга дар пеши парвардигор чи чавоб мети?

яъне ин намозхони нею дузди меомадааст, мумкин ки нони хурдан надорад.

Озодагон ! Равшантар нависед, ному насабаш Мулло Фозилов ё ки яке аз муллохо ?

хакчу
Номаш Мулло будагист. Агар мулло мебуд, дузди намекард.

Човандоз
Бало занад ё чуноне мегуянд Худо занад ин муллохоро! Наход дар масчид дуздй кунанд!? Хайфи мусулмонй...

Гарм
Бародаро ин мулло нест танхо номаш мулло аст!

Як муллора ика тафтиш мекнен миллионхо пулхо ирузо дузди мешава да хукумат и сол соли муллохо

ин кадар харакат мекунанд, ки номи муллохоро бадном кунанд вале намешавад, умуман ба таърихи ислом нигаред аз рузи пайдоиши ислом аз хар тарафу аз хар тарик мехоханд онро бадном кунанд, террорист ва е секс мулло ва боз дигар корхои номатлубро дар симои мулло яъне ибодаткунандагони Офаридгорро мебинанд. аммо дар симои хамчун шахрванд е одам часпонда наметавонанд, хамаи ин аз кутохандешист. дар масчид дузди шудааст мегуянд ва онро ба номи мулло мечаспонанд. барои он ки вай намоз мехондааст.О Худо шуморо акл бидихад чаро факат муллоро мебинед? кудаконатон касал ва е дар гузаронидани никох, е ягон ходисаи нохуш ва е хатна кардан лозим шавад зуд муллоро мекобедку.Худо беаклонро акл дихад.

Шахрванд
Ачаб мардуми эхсоси хастед, дар макола бо забони точики навишта шудааст, шахрванд Мулло Фозилов яъне номи ин шахс Мулло аст. Кобилияти дуруст хондану фахмидани маколахоро надореду боз бахсу тахлил мекунед, ё тавба.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)