Бахшҳо

Кабирӣ: “Бояд аввал шукронаи Худоро кунем, баъд шукронаи миллат ва баъд...”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни суҳбат бо сокинони минтақаи Кӯлоб аз иҷро нашудани банде аз санади ба имзорасидаи ҳамдигарбахшӣ дар пайи ҷанги шаҳрвандии кишвар нигаронӣ кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 5 феврал дар суҳбат бо беш аз 500 сокини минтақаи Кӯлоб гуфтааст, бархеҳо бо гузашти 16 сол аз имзои санади ҳамдигарбахшӣ фаромӯш карда, дубора баҳси “кӣ ҷангро шурӯъ карду кӣ зарару фоида дид”-ро оғоз кардаанд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, зинда намудани ин гуна баҳсҳо дар ҷомеа ва саволу масъалагузориҳо дар ин бора тавассути барномаҳои телевизионию радиоӣ барои аз байн бурдани субот ва ваҳдати миллати тоҷик равона шудааст: "Мо вақте санади ҳамдигарбахширо имзо кардем, дар он ҷо як ҷумлаи бисёр зебо, ки ҳарду тараф онро қабул карда, имзо гузоштанд, мебошад. Маънои он ҷумла ин аст, ки лаънати Худо ва ғазаби миллат бар касе бод, ки ҷанги шаҳвандиро ёддоварӣ мекунаду тарафи дигарро барои он гунаҳкор медонад. Вале мутаассифона баъзеҳо чунин санадро фаромӯш карданд, ки он моро ба сулҳу ваҳдат овард ва баъд аз гузаштани 15-16 сол шурӯъ карданд ба бардоштани масъалаҳое мисли "Кӣ чангро шурӯъ кард? Кӣ зарару ки фоида дид". Душманон моро ҷанг андохтанду алайҳи якдигар шурониданд, ки зарар дид -- миллати точик. Дуруст аст, ки баъзеҳо соҳиби мансабу мақом ва соҳиби пул шуданд, вале миллат дар маҷмӯъ зарар дид ва бохт".

Кабирӣ дар идома бори дигар аз паёмади бад ва хатари бузурги душмантарошӣ ҳушдор дода, таъкид кардааст, “нашавад, ки имрӯз бо барҳам задани сулҳу субот ва оромиш боз баъдан пушаймон шавему ва дубора душман бикобем, ки кӣ моро ба ин ҳолат овард". Ӯ аз сокинони кишвар даъват кардааст, ба қадри сулҳу субот ва оромию амнияти кишвар бирасанд ва шукронаи Худову ин миллат ва масъулину раҳбарияти кишвари худро намоянд: "Мо бояд шукронаи ин сулҳу субот ва миллат кунем. Мо бояд аввал шукронаи Худоро кунем, баъд шукронаи миллат ва баъд аз он шукронаи масъулину раҳбарияти кишвар ва ҳизбҳои сиёсиву ва шахсоне, ки барои расидан ба сулҳу субот саҳм доштанд. Худоро шукр мегӯям, ки дар тӯли даҳ соле, ки вакил будам аз ҲНИТ ҳамон миқдор қуввату қудрате, ки доштем, барои хидмат ба миллат ва мардум дар қонунгузорӣ саҳми худро гузошем. Аз ҳама муҳимаш дар Маҷлиси намояндагон рафторе накардем, ки бар зарари миллату давлат анҷом шуда бошад. Як дӯстам суол дод, ки тӯли даҳ соли вакилӣ ба мурдум чӣ хизмате кардам? Гуфтам: Шояд ҳеч хидмат накарда бошам, вале ҳаминро медонам, ки ба ин миллат ҳеч зараре нарасонидаам".

Дар ҳамин ҳол, яке аз ширкатдорон ба ин даъвати Кабирӣ эътироз баён карда, аз ӯ интиқод кардааст, ки бояд аз мардум мехост, баъд аз Худованд на аз миллат, балки аз раисҷумҳури Тоҷикистон шукрона кунанд. Ҳарчанд дафтари матбуотии ҲНИТ номи ин шахсро зикр накардааст, вале ӯ гуфтааст: “Бояд баъд аз Худо аз раисҷумҳури кишвар шукрона кард ва баъд аз миллат”. Раиси ҲНИТ низ дар навбати худ афзудааст, ҳарчанд ба назари ин сокини кишвар эҳтиром қоил аст, вале ба гуфтаи ӯ, шояд аз ин тақсимбандӣ худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон розӣ набошад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ноҳияи Ҷалоллидин Румӣ низ аснои суханронии Кабирӣ дар конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ин ноҳия аз раиси ҲНИТ хоста буд, бигӯяд, бояд аз раисҷумҳури Тоҷикистон шукрона кард. Ба навиштаи торнамои ҲНИТ, “вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бояд аз Худованди карим шукргузорӣ кард ва аз миллати тоҷик барои ваҳдат ва бародарӣ шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат суҳбати Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфт, ки бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфт: "Мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз Президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям." Вале хонум Ғаффорова баъди халал ворид кардан ба нишони эътироз конфронсро тарк кард”.
Мӯҳр
Rustam
Mo inshoalloh shukronai Allohro mekunem va badan shukronai tenjiro mekunem va badan duo mekunem ki shumo sari kudrat naoed chunki mardumi tojikro bo shiagi davat mekunem Alloh hamamona hidoyat kuna.

Хуросони
Суханхои хуб гуфтед, чаноби Кабири, мо рози, лекин ман хамеша шукронаи Худоро мекунам, миллатамро баъдан Путин акову губернатори Волгоградро ки дар ин сарзамин озодона мехнат карда,намозакома вакт вакт хонда, маоши шоиста мегирам ва дар шароити нисбатан хуб ба сар мебарам. Ватан он чост, ки озораш набошад, Касеро бо касе кораш набошад!

узви собики ХНИТ
Аз вохурихои Кабири бо мардум маълум мешавад, ки уро хуш надоранд ва амалхои уро кабул намекунанд. Яъне хизби у барои чомеаи имрузат точик нодаркор аст. Барои хамин пешниход мекунам, ки ХНИТ баста шавад.

Дар Кулоб мешудам умуман Кабириро барои дар назди мардум сухан гуфтан рох намедодам. Афсус... Чи бисёр картошкаю помидори пусидагй... Мезадаме-е-е

Гап нест Кабириба лекин ай боло ҷқидесанша ҳоли бинен бечорара бо ягон баҳона ай вазифааш мегиран

boi
Хyдo.дар.панoхаш.нигахдoрад.yстoд.

Хyдo.дар.панoхаш.нигахдoрад.yстoд.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ба собик узви ХНИТ; Аввалан онки ХНИТ чои ту барин тарсухо нест! Он макони шахсони часур хаст. Хизмати онхо хаст ки Исломро шинохти (агар шинохта боши).Ин ХНИТ он вакте таъсис ёфти комустони собик монанди падару бобои ту мегуфтанд дин афюн хасту нест бод Ислом гуён шиор мезаданд. Хама медонад, ки то созишномаи Вахдати милли пинхони намозу руза медошт мардум.Аз онеки Нахзат омад ба Точикистон мардум дар Ислом озод шуданд.Гарчанде боз ин режими комустони собик дар либоси демократия бастани масчиду сатру ришро манъ кардаистодаанд.

Устод Мухиддин Кабири дар хамин 5 соли охир аз худ бисер як сиесат мадори олиро ва сабру тамкиндоро нишон дод .. Дар симои у новобаста аз ин бадномкунихо хизби Нахзат ва муллохо тарики ТВ- Хисби нахзат побарчост ...
Бисер афсус ки ба шумо рох наметиянд ки дар курсии раиси Чумхур нишинед ..агане ман сад фисад овозамро ба Шумо дода медидам ки ин гуфтахои Шумо ба мисли раиси Чумхури хозира дар руи когаз мемонанд е амали мекунед ... Аз Шумо хохиш менамоям ,ки ин зиракии сиесиро давом дода ягон вакт ба эхсосоти халалдоркунандаи суботи кишвар дода нашавед.. Миллати точик як вакт не як вакт ба кадри шумобарин абармардхои худ хохад расид ..

Ба Яъкуби курнамак Аввал ин ки садкаи хамин номи пайгамбарона шави. Дуюм ин ки як ба Узбакистону Казоку Киргизу Туркман рафта дар масчид намоз хон ному нишонат хам намемонаду баъд ба кадри ЭМОМАЛИ РАХМОН мераси ки дар баромадхояш хам аз хадисхои пайгамбар ёдовари мекунад. Шукронаи Аллох ки хамин марди баэмонро пешвои миллат кардааст.Хаёл мекунед рохбари осон дар байни ин кадар давлатхои зидди ислом ин мардак натарсида Хочи шуд, гарчанде ки дигар рохбарони кишвархоро хуш наомад. Барои масчидхои пур аз одами Точикисчтон хам моро ва рохбари моро давлатхои хамсоя он кадар нагз намебининд, лекин ин марди бузург тарсу нест У аз худо метарсад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)