Овозхонони озарӣ барандаи озмуни мусиқии “Eurovision -2011” шуданд. Дар ин сабқат 43 кишвар ширкат доштанд ва ҳунарнамоии овозхонҳоро зиёда аз 100 миллион нафар дар саросари дунё тамошо карданд.
Зимнан, дар ин озмун ҷавонони озарӣ Элдор Қосимов ва Нигоҳ Ҷамол, ки бо номи “Элл-Никкӣ” бо таронаи “Тарсону гурезон” баромад доштанд, пирӯзӣ ба даст овардаанд.
Италия соҳиби ҷойи дуюм, ва овозхонони Шведсия ба гирифтани мақоми сеюм ноил гаштанд. Маврид ба ёдоварист, ин озмун барои 56-умин бор сурат пазируфта, дар сабқати имсола сарояндагони беш аз 40 кишвар ширкат доштанд
Мӯҳр