Усома бини Лодан, террористи рақами яки ҷаҳон ба қатл расонида шуд.
Марги Лоданро райисҷумҳури ИМА Барак Ҳусейн Обама низ тайид карда гуфтааст, ки роҳбари шабакаи ҷиноӣ-террористии Ал-Қоида, тарроҳи ҳамалоти террористии 11-уми сентябр соли 2001 ба Амрико зимни як амалиёти вижаи низомиёни амрикоӣ дар Покистон – кушта шуда, феълан ҷасади ӯ дар дасти амрикоиён аст. Дар идомаи изҳороташ президенти Амрико афзуд:
“Марги Бен Лоден бузургтарин дастовард то ба имрӯз дар муборизаи мо барои шикасти Ал Қоида аст. Вале марги вай нишонаи поён ёфтани талошҳои мо нест. Шаке нест, ки Ал-Қоида ҳамлаҳоро бар зидди мо идома диҳад. Мо бояд ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳушёр бошем ва ҳушёр хоҳем буд”. Барак Обама эълон кард, ки дар ҷараёни амалиёти маҳви террористи мазкур нафаре аз низомиёни амрикоӣ осеб наёфта, талафоти ҷонӣ ҳам дар пай надоштааст. Ба қавли ӯ сохторҳои махсуси амниятии Покистон барои пайдо кардани маҳалли зисти Бен Лоден ба амрикоиён кӯмак расонидаанд.
Мӯҳр