Оғози ҷалби тоҷикон ба хидмат дар Русия: 6 нафар танҳо аз Тюмен

Виталий Мудрук, сардори бахши ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар вилояти Тюмен имрӯз, 5 феврал зимни як нишасти хабарӣ дар бораи таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия суҳбат кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, танҳо аз вилояти Тюмен дар соли гузашта 6 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи шартнома ба хидмати ҳарбӣ дар Русия сафарбар шудаанд: “Аз аввали соли равон то ҳол ҳудуди 10-15 шаҳрванди дигари Тоҷикистон барои хидмати шарномавӣ муроҷиат кардаанд. Теъдоди шаҳрвандони украинӣ низ тақрибан ҳамин қадар аст. Аз Узбакистон 5 ва аз Қазоқистон ду нафар ба мо муроҷиат кардаанд.”
2 январи соли равон Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия фармонеро содир кард, ки тибқи он хориҷиён имкон пайдо карданд, ба таври шартномавӣ дар артиши Русия хидмат кунанд. Дар ин фармон, ки торномаи расмии ҳуқуқии Русия нашр кард, омадааст, “ҳарбиёне, ки шаҳрвандони хориҷианд, имкон доранд дар вазъияти ҷангӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, мутобиқ ба тартиби муқарраркардаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои Русия, ба артиш ҷалб шаванд.”
Дар ин фармони Путин таъкид мешавад, ин муқаррарот ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар пайгарди қонунӣ ва ё додгоҳ қарор доранд ва инчунин муҳлати адои ҷазояшон тамом нашудааст, дахл надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |