Шикояти “Вавилон” аз Кумитаи андоз ба Президент ва Додситони кулл

Ширкати “Вавилон-Мобайл” аз қарорҳои Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди аз суратҳисоби он ситонидани маблағи баҳсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон ва Юсуф Раҳмонов, додситони кулл шикоят бурдааст. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ширкат ба “Озодагон” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, “онҳо инчунин ҷиҳати аз байн бурдани қонунвайронкуниҳои мавриди назар шахсан ба раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода муроҷиат намуда, дархост намуданд, ки дар доираи салоҳияти худ, ҳамчун раиси Кумитаи андоз қарорҳои қабулнамудаи худро боз хонда, нисбат ба шахсоне, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои шахсии худ раиси кумитаро ба чунин қонуншиканӣ водор намудаанд, чораандешӣ намояд”.
Қаблан, масъулини ин ширкат аз қарорҳои Кумитаи андоз “Оид ба аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” дар ҶСК “Агроинвестбонк”; дар ҶСП “Казкомерсбонк-Тоҷикистон”; ҶСП “Тоҷиксодиротбонк”; дар ҶДММ ТАҚҲ “Зудамал”-и шаҳри Душанбе, ба таври маҷбурӣ аз суратҳисоби ширкат ситонидани 337 миллиону 204 ҳазору 546 сомонӣ” хабар доданд.
Масъулони “Вавилон-Мобайл” мегӯянд, қарорҳои мазкурро Кумитаи андоз бо такя ба иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 20 октябри соли 2014 тартиб додааст, ки дар айни замон эътибори ҳуқуқии худро гум када, иҷроиши он бо таъиноти Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2015, то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ, боздошта шудааст. “Агарчӣ нусхаи ин таъинотро, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ба шикояткунанда, тарафҳои манфиатдор ва иҷрочиёни суди иқтисодии шаҳри Душанбе фиристодааст, Кумитаи андоз наметавонист, ки баъд аз ду рӯзи ба даст овардани таиноти мазкур, яъне 28 январи соли 2015 қарорҳои худро “Оиди аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба таври маҷбурӣ аз суратҳисоби ширкат ситонидани маблағи баҳсиро ба имзо расонад”.
Манбаъ мегӯяд, “ин ҳолат нишон медиҳад, ки Кумитаи андози Тоҷикистон аз доираи салоҳиятҳои худ баромада, ҳатто қарори марҳилаи назорати Суди иқтисодиро дар бораи боздоштани иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ, сарфи назар кардааст ва умед дорем, Додситони кулл ба ин қарори ғайриқонунии Кумитаи андоз баҳои ҳуқуқӣ медиҳад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |