Таслим ва шоҳидии ҷангии зодаи Панҷ дар Украина (ВИДЕО)
Александр Костенко, як ҷангии зодаи Тоҷикистон 30 январ дар Украина худро ба мақомоти интизомии ин кишвар таслим намуда, гуфтааст, ӯро масъулини Донетск маҷбурӣ ба ҷабҳаи пеши ҷанг фиристодаанд.
Ӯ зимни бозпурсӣ, ки навори он ахиран дар Ютуб нашр шуд, изҳор медорад, 12 январи соли 1975 дар ноҳияи Панҷи вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, аз соли 1986 дар қаламрави Украина, дар шаҳри Янайкин зиндагӣ ва дар шахта кор мекардааст: “29 август дар роҳ ба кор маро дар посгоҳ ба далели надоштани шиноснома, ки дар хона фаромӯш кардам, мақомоти Донетск боздошт ва ба ҷанг барои кандани хандақ (окоп) равон карданд. Аз 1 сентябр то 10 январ "окоп" кандам. Баъдан ба мо гуфтанд, аллакай дар ҳайати артиши ДНР -- Ҷумҳурии халқии Донетск қарор дорем ва силоҳ дода, бе ягон омодагӣ барои озод кардани шаҳри Дублегорск равон карданд. Дар пушт пулемётчикҳо меистоданд ва агар касе рӯй ба гурез мениҳод, мепаронданд.”
Александ Костенко афзудааст, дар артиши ДНР фармондеҳон афсарони Русия мебошанд. Ӯ дар мавриди таслимаш изҳор доштааст, 30 январ ба хандақ афтида, интизор шудааст, то ба артиши Украина таслим шавад.
Дар мавриди силоҳи ҷангиёни ДНР Костенко изҳор доштааст, ки ба ҳар сарбоз автомати Калашников бо 120-150 тир ва 3-4 норинҷак медоданд: “Дар миёни сарбозон маҳкумшудаҳо низ зиёданд. Силоҳ асосан русӣ аст.”
Ба қавли Костенко, ба ҷангиён аз 300 то 400 доллар дар як моҳ ваъда дода, аммо то ҳол пардохт накардаанд. Ба гуфтаи ӯ бо корвонҳои башардӯстона бо мошинҳои монанд ба Русия ба қаламрави Украина ҷангиён ва силоҳ ворид мешуданд.