Ахиран, китоби нави профессор Иброҳим Усмон таҳти унвони “Сарнавишти “тоҷик” аз чоп баромад. Дар ин китоб муаллиф андешаҳои илмии худро перомуни сарнавишти ном ва забони халқи тоҷик иброз доштааст. Ин шашумин асари профессор Иброҳи Усмонов мебошад, ки ба масъалаи тақдири таърихии тоҷикон бахшида шуда, дар бораи калимаи “тоҷик” ҳамчун муайянкунандаи халқ, забон ва фарҳанг баҳс мекунад. Аллакай дар бархе маҳофил ва шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи “Сарнавишти “тоҷик” ва бархе аз нуктаҳои он баҳсҳо ҷараён дорад. “Озодагон” тасмим гирифт, ин асарро ба таври комил бо ризоияти муаллиф нашр кунад.
ОХИРАШ
ҚИСМАТИ АВВАЛ
ҚИСМАТИ ДУВУМ
Дар ин ҷо як ҷиз ниҳоят муҳим аст. Агар забонҳои қадимаро, аз ҷумла форсӣ ва суғдиро шева ном барем, албата, шартан пас дар гуфтаҳои Баҳор забони умумимиллӣ порсӣ ва суғдӣ, баъди истилои араб бошад, бештар аз 300 сол «дарӣ» сипас «форсӣ» номида мешавад. Муҳаққиқ маҷмуи забонҳои эрониро бо ҳарфи сирф тоҷикии (ғайри арабии) «п» навишта «порсӣ» мегӯяд ва шеваи эронии онро бо ҳарфи «ф» форсӣ аз номи минтақа ва қавм ёд мекунад ва ин ҳақиқати илмӣ аст. Яъне, ки суғдӣ, бохтарӣ ва ғайра (дертар дарӣ ҳам) дар маҷмӯъ «порсӣ» номида шуданашон мумкин аст. Аммо бо ташаббуси араб номи умимиллии порсӣ ба сабаби дар арабӣ набудани ҳарфи «п» ва сарфи назар кардани империяи Хоҳоманишҳо замони Дориюшу Куруш, ки Эрони бузург ба номи онҳо пойдор аст, ба форсӣ, ки ҳамсояқавми араб аст табдил ёфт ва дини ислом ба забони дувуми давлатӣ ё мазҳабӣ форсиро устувор кард. Бо ҳадде, ки ҳатто дар Бухорои давраи аморат, замони Шӯравӣ ва имрӯз халқ забони худро «тоҷикӣ» меномид, аммо дар мадраса дарсе, ки бо ин забон таълим дода мешуд, форсӣ ном дошт. Забони «форсӣ» дар ин ҳолат мафҳуми аз нигоҳи дини сиёсӣ шудааст. Дар гузашта асосҳои исломро маҳз адибону олимони ба истилоҳ форсигӯ шарҳ додаанд: Мавлонои Балх, Имом Бухорӣ, Аттор, Саноӣ, Ҳофиз,Ҷомӣ, Бедил; дар Афғонистони имрӯза аксарани тоҷикон худро «тоҷик» меноманд, тамоми олам ин қавмро ҳамчун тоҷик мешиносад, аммо иддае аз тоҷикони шиа пазируфтаи Ҳирот худро «форсивон» мегӯянд ба гумонам ин мафҳуми давраи гузар аст, ки замоне ҳамсоягони Ҳирот Нишопуру Тӯси Эронро низ бо он ёд карда, боиси аз байн рафтани калимаи «тоҷик» гардонд.
Барои дарки бештари калимаҳои тоҷик, форс, сарт, араб, ки дар мавриди шиносонидани халқи тоҷик истифода бурдаанд, азбаски қаблан дар “Ободии хонадони тоҷик ба кӣ вобаста” (1990), “Тоҷикон” (2001), “Правда о таджиках” (2006) ном асарҳое аз олимони хориҷӣ иқтибос кардааму дар ин мақола низ чанд нуқта аз онҳо гирифтам, дар ин қисмат танҳо аз китоби дувуми Ҷилди дуюми “Асарҳо”-и (“Сочинение”) олими барҷастаи рус В. В. Бартолд, ки ҳамаи навиштаҳояш дар заминаи осори таърихӣ, адабӣ ва илмии олимони арабу турку форси асри миёна, бо муқоисаи гуфтаҳои олимони дигари русу Аврупои ғарбӣ эҷод шудаанд, чанд иқтибос меорам: “Ӯ тааҷҷуб мекунад, ки шахси донишмандтароше бо номи Лапин менависад, ки бодиянишинҳо мардумеро, ки шаҳрнишинанд, сарфи назар аз баромади қавмиашон “сарт” мегуянд. Бинобар он ин “донишманд” изҳор медонад: “Халқе ё забоне бо номи сарт нест. Бояд забони сартиро “ӯзбекӣ” гӯем”, Бартолд мегӯяд, агар ӯ таъриху адабиётро медонист, хабардор мебуд, ки адибони асрҳои XV-XVI Навоӣ ва Бобур калимаи “сарт”- ба “маънои “форс”, “тоҷик” ва дар муқобили калимаи “турк” аммо на “қазоқ” истифода бурдаанд.
Баъзе ҳамдиёрони мо, имрӯз даъво доранд, ки “тоҷик”- ро муғулҳо сохта, ба мо нисбат додаанд. Аммо андешаи Бартолд ҳақиқатро равшан мекунад: “Факти муҳим он аст, ки калимаи “сарт” дар замони то муғулҳо мавҷуд набуд ва онро аввалин бор муғулҳо истифода бурдаанд. Ба ақидаи Рашидаддин муғулҳо “сарт” гуфта пеш аз ҳама тоҷикон ва ҳамаи мусулмонҳоро бе тафовут ном мебурданд.”(Ҷилди 2, к.2, с.304)
Дар асри XVI – XVII адибони бисёре тамоми форсҳоро “сарт” меномидагӣ шуданд. Абулғозии қарни XVII танҳо шаҳрнишинҳои Осиёи Миёнаро ”сарт” номида, онҳоро аз ӯзбекҳову туркманҳо фарқ мекунонад.
Дар бораи сарнавишти талхи ҳарду номи халқи мо – тоҷик ва сарт андеша ронда академик В. В. Бартолд бо дард менависад: «Бо таъсири ишғолгарон худи шаҳриёни таҳҷоӣ худро “сарт” меномиданд. Аммо тафовути қавмӣ байни туркҳо ва тоҷикҳо чунон бузург аст, ки намояндагони ҳарду ин қавм худро ба як ном ёдоварӣ карда наметавонистанд (Яъне дар мафҳуми сарт тоҷик- тоҷик боқӣ мемонанду турк- турк мемонад – И.У.) Аз ин рӯ имрӯз, масалан аҳолии Тошканд забони сартиро ҳамчун муқобили забони тоҷикӣ истифода мебаранд. Сабаби пайдо шудани фарқ дар миёни истилохоти «тоҷик» ва «сарт», ки замоне синоним буданд, дар ҳамин аст. Дар ин маврид сарнавишти калимаи «сарт» ва «тоҷик» ҳамсон аст (Яъне ҳарду ҳам ҳамчун забон аз мардуми тоҷик рабуда шуд, якеро арабҳо «форсӣ» гуфтанд, дигареро туркҳо–«ӯзбекӣ» номиданд. И. У.)
Ин маъно на танҳо ба забон, балки ба халқ низ тааллуқ дошт. Дар ин бора боз Бартолд мегӯяд: «Дар ибтидо форсҳо истилогарони арабро «тоҷик» меномиданд, сипас ин мафҳумро дар мавриди хамқабилагони худ, ки исломро қабул карда буданд, нисбат медоданд. Туркҳо бошанд, ҳамаи аҳолии муқими мусулмонро сарфи назар аз қавмаш «тоҷик» меномидагӣ шуданд. Замоне, ки истилогарони араб, ба истиснои қисми каме бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуданд, калимаи «тоҷик» хислати истилои этникӣ пайдо кард, ки бо он форсҳоро мефаҳмиданд. Бо таъсири туркҳо худи форсҳо низ худро «тоҷик» мешумориданд ва ҳамзамон ин калимаро, дигар нисбати арабҳо ба кор намебурданд.» (ҳамон ҷо с.314)
Аз ин навишта чунин хулосаеро дарк кардан мумкин аст, ки баъди истилои араб дар минтақаи эронзамини ориёиҳо истилоҳи қадимаи тоисломӣ дар муносибати қавму халқҳо ва кишварҳо аз миён рафтанд ва истилоҳ ва номи нав дар сарзамини мо - Осиёи Миёна, ки давлатдории Эрони қадим акнун ба ин ҷо кӯчида буд, гузашт ва аввалин халқе, ки чаҳонгирони нав- арабҳо ва сонитар муғулҳо дар баробари худ эътироф намуданд, меросхӯрони камаш се халқи қадимаи ориёӣ- бохтарҳо, суғдҳо ва форсхо буд, ки ба он номи «тоҷик» ва ба забони халқиаш ҳам номи «тоҷикӣ» доранд. Чун давлатдорон ашрофонанд, сатҳи забонро дар давлатдорӣ баланд бурданд ва ба анъанаи шаҳаншоҳӣ, содиқ будани худро таъйид намуда, онҳо аз ҷумла Сомониён, номи нави забони худро ба истилоҳи «дарӣ» ифода карданд. Яъне, номи халқ ва номи забоне, ки бештар аз 1300 сол пеш пайдо шуд, боз аз ҷониби бадхоҳони дигар хор мешавад.
Дар ин бора боз ҳамон қисмати мақолаи устод Айниро, ки дар шарҳи маънои калимаи «тоҷик» навишта шудааст, ёдоварӣ мекунем, ки воқеан ба ҳеҷ халқи дигар, ба ҷӯз халқи эрониасл талллуқ надоштани халқи тоҷикро решаи осиёи Миёнагӣ ба истило суғидию бохтарӣ доштани онҳо исбот мекунад. Мефаҳмонад, ки «тоҷик» аз қавми «тайи» арабӣ нест. Мефаҳмонад, ки «тоҷик» як қавми туркӣ нест ва ҳама гунна даъво дар ин бобат фақат ғарази бадхоҳӣ дораду бас. «Арабҳо мисли як истисморгари бегона ба Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки вилояти марказии точикон буданд, омаданд, чанд гоҳе ҳукмронӣ карданд, чунон, ки дар Африқо карда буданд, барои барҳам додани забон, адабиёт ва маданияти мардуми маҳаллӣ-тоҷикҳо кӯшишҳо ба кор бурданд. Аммо тоҷикҳо халқи мадании ин сарзамин ва халқи шуҷоъи Ватан буданд, ки бо ихтилофҳои гуногун (калонтарини ин ихтилофҳо шӯриш ва исёни Абӯмансури Хуросонӣ ва Муқаннаъ) ҳокимият, маданият ва забони худро пеш бурда, (мардуми Бухоро ҳатто баъд аз мусулмон шуданашон ҳамаи намоз «Қуръон»- ро бо забони арабӣ нахонда ҳукмронии арабҳоро барҳам доданд (дар замони Сомониён).»
Устод Айни мулоҳизаҳои олимони араби форсигӯи қуруни вусторо, ки тоҷикро гоҳе «араб» гоҳе «ғайри араб» мегӯянд, таҳлил карда мегӯянд: «Ба ин маънидод аввал ҳаминро гуфтан даркор аст, ки тоҷик модоме, ки ғайри араб аст, чӣ гуна дар асл авлоди араб мешавад?!
Агар тоҷикон дар асл авлоди араб бошанд, чаро дар намоз Қуръони арабӣ нахондаанд ё ин ки хонда натавонистаанд? Ва чӣ гуна тарҷумаҳои форсии сураҳои «Қуръон»-ро ба осонӣ омӯхтанд ва хонданд? Ва ҳол он, ки воқеаи мазкур дар соли аввали фатҳ шудани Бухоро (94 ҳиҷрӣ- 713)рӯй дода буд, чӣ шуд, ки тоҷиконе, ки «аслан авлоди араб буданд», дар як сол забони худро гум карда, аз арабҳо дур шуданд?
Ғайр аз ин, мо дар боло воқеаи фатҳи Бухоро аз тарафи арабҳо дидем, ки арабҳо барои мардуми Бухоро, ки тоҷик буданд, сураҳои «Қуръон»-ро ба форсӣ тарҷума карда доданд. Пас маълум мешавад, ки дар ҳамон вақт - дар соли 713- 94 ҳиҷрӣ ҳам тоҷикҳо як қавми форсизабон будаанд. Аз ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба хубӣ ва равшан исбот мешавад, ки «тоҷик дар асл номи «як қавмест».
Устод Айни ба чунин муҳаққиқон ғазаб карда, бо қаҳр менависад, ки ҳатто «дар «Қомус- ал- аломӣ» Шамсиддини Сомӣ тоҷикро қавме аз туркҳо номидаанд».
Дар ниҳояти мулоҳизаи донишмандон Бартолд ва Айнӣ таъкид кардан лозим аст: Муғул барои тоҷикон дин наовард, ба дини тоҷикон сару кордор нашуд, аммо ба туфайли муғул 10 дарсади забони тоҷикӣ туркӣ шуд. Рус ба тоҷикон дин наовард ҳатто баъзеҳоро бедин кард, вале 5 дарсади забони точикиро рӯсӣ кард. Араб бошад ба тоҷикон дин овард, аммо 60 дарсади забони тоҷиконро, ки он вақт суғдӣ ёдарӣ гуфта мешуд арабӣ кард.
Ин таърихи қадим буд, ки онро гуфтан мумкин аст, аммо тағйир додан имкон надорад ва ба он талош ҳам набояд кард. Ба он чӣ гузашт, насли имрӯзаи ҳеҷ халқе - на араб, на форс, на тоҷик, на турк, ҳеҷ минтақае- на Осиё Марказӣ, на Шарқи Наздику пасопеши он гунаҳкор нест. Аммо дар шароите, ки дар тамоми дунё халқҳо худро ва забони худро ба номи хеш вобаста мекунанд, масалан украинҳо худро чун халқ “украин” ва забонашонро “украинӣ”, қазоқистониҳо халқи худро “қазоқ” ва забони худро “қазоқӣ” мегӯянд, мо низ бояд халқ ва забонамонро бо ифтихор – “тоҷик” ва “тоҷикӣ” гӯем, на аз хешонамон барои худу забонамон ном талабем. Дар дунёи имрӯза илм ва сиёсати имрӯза калимаи “форсӣ” ҷои забони имрӯзаи халқи тоҷикиро гирифта наметавонад. Аҳли дунё медонад, ки забони форсӣ забони миллии давлате аст, ки замоне “Форс” ном дошт.
Воқеан, агар ҳама сиёсатталошию худнамоиро аз худ дур партофта аз саҳифаҳои рӯзномаҳои “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх”, “Овози тоҷик”, маҷаллаи “Роҳбари дониш” дар нимаи дувуми солҳои 20 асри ХХ баҳсро дар атрофи номи забони халқи тоҷик пайгирӣ намоем, хоҳем дид, ки пешниҳодҳои идома додани номи анъанашудаи забон (яъне форсӣ), ба халқи таҳҷоӣ – Осиёи Миёнагӣ мувофиқ кардани он, яъне қабули мафҳуми “забони мардумӣ” (яъне тоҷикӣ), баргаштан ба номи аввалии он (яъне дарӣ) буданд. Агар мо ба пантуркизми солҳои бистум ҳамақида набошем, хоҳем донист, ки халқи мо ҳеҷ вақт безабон набуд, ки ба вай забони ҳамқабилаашро гузорем.Тоҷик забон дошт ва дорад, аммо саволе, ки ҳал мехоҳад, он аст, ки куҷо шуд қавми тоҷик дар мулку кишварҳои дигар, ки қаблан мезист. Ин савол ниҳоят муҳимаст, зеро бо 4-5 давлати “тоҷик”-аш нопадид шуда, дар асри мо ду-се давлати дигар ҳам пайравӣ доранд. Муайян кардан даркор аст, ки бо чӣ сабаб дар он мамлакатҳо ба сифати ному насаби шахс “тоҷик” боқӣ мондаасту худи халқ нест шудааст.
Ин вазифа танҳо дар назди халқи мо намеистад. Чунин хостҳоро миллатҳои дигар низ пеша кардаанд, имрӯз туркманҳо дар Афғонистону Эрон Туркия ва як идда кишварҳои арабӣ аз худ нишона медиҳанд; имрӯз албанҳо дар бисёр мамлакатҳои Аврупо ному насаби худро барқарор карданду мекунанд; имрӯз армяниҳо дар кишварҳои зиёди Шарқи наздик, озарҳо дар Эрону Туркияву Арманистон аз худ нишони меҷӯянд. Ин моҳияти замони истиқлолияти миллӣ фанои империяҳо бузургманиши аст. Хушбахтона сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам худшиносии миллиу забониро дифо мекунад.
Аз Вамбери, Форте, Браун, Мейендорф, Хаников, Ниёлдеке, Бартолд, Андреев, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров омӯзем ва аз дигарон талаб кунем, ки миллати моро хор накунанд, он гоҳ забонамон пок мемонад.
Таърих бисёр дидааст, ки душманони халқу забони тоҷик дар муқобили халқи мо бадкориҳо карданд. Тоҷикро “араб” гуфтанд, араб барои худашон даркор шуд, аз он даст кашиданд, тоҷикро “сарт” гуфтанд, барои худашон сарт даркор шуд, аз он даст кашиданд, тоҷикро ба номи давлатҳояш ё маҳалҳояш-суғдӣ, бохтарӣ, бухороӣ, бадахшӣ, раштӣ, хатлонӣ, нишопурӣ, шерозӣ гуфтанд ва ин маҳалҳо барояшон даркор шуд аз он ҳам даст кашиданд. Ҳадафи ҳамаи ин кӯшишҳо барои гурӯҳе ҳамчун халқи як маҳали дурафтода (музофот), барои дигаре ҳамчун халқи барои Осиёи Миёна бегона маънидод кардани халқи мо мебошад. Халқеро, ки дар соли 1820 Мейендорф ҳамчун “соҳиби маданияти асосии Бухоро номбар кардааст ва дар соли 1910 Павлов ҳамчун “азияткашидатарин халқи дунё шинохтааст”, душманонаш дар шурӯи замони Шӯравӣ ҳам ба арсаи таърих ворид шудан намемонданд. Бартолд менависад: “Кӯшиши дар Туркистон давлатӣ кардани забонҳои тоторӣ ва туркии усмонӣ дар соли 1918 барҳам дода шуд, вале дар ҳуҷҷати расмии Ҷумҳурии автономии Туркистон ба сифати миллатҳои таҳҷоии Туркистон танҳо халқҳои қирғиз, ӯзбек ва туркман эътироф шуданд, аммо ҳуқуқи миллию мадании мардуми асосии таҳҷоии Туркистон (действительных оберегонов Туркестана) эрониҳо-тоҷикон эътироф нашуда монд”. (ҷ.8 С-395). Тақрибан ҳамин корро имрӯз, мутаассифона, идае аз ҳамдиёрони босаводамон бо роҳу василаҳои дигар идома дода истодаанд ва барои онҳо халқи мустақилу забони мустақил не, ҷузъи як халқи дигар будан азизтар менамояд. Ин амали онҳо халқи тоҷикро аз харитаи сиёсӣ берун, забони тоҷикиро аз фарҳанги имрӯзаи дунё маҳрум карда метавонад. Эҳтиёт шавем то калимаи “тоҷик”-ро дар он сарзамине, ки ҳазорсолаҳо боз ин халқ зиндагӣ мекунад хор ва беобрӯ накунем, рақибони онро аз ҷумла ҷараёни ақидаи партуркизмро пирӯз месозем ва номи тоҷикро аз арсаи илму таърих нобуд нанамоем.
Аз тоҷик будан, тоҷикӣ сухан гуфтан ифтихор кардан ҳамзамон бо он эътироф кардан ва дар ҷои лозими зикр кардан, ки замоне халқамонро хеле кам ба ин ном ёд мекарданд ва забонамонро тақрибан ҳамеша бо номи дигар тазакур медоданд таърихи воқеии мост. Агар дар асрҳои VIII-XI дар дарбори Сомониёну Ғазнавиён аз халқи тоҷику забони дарӣ ёд карданд, ин моем, агар дар қарнҳои XI-XX дар ҷое аз халқи ориёиву эрониву тоҷик ёд карданд ва забонашро “форсӣ” гуфтанд, ин моем, агар дар қарнҳои VI- XX дар Осиёи Миёнаву Ҳирот аз халқу забони сарт ёд карданд ин моем, забони дарии Рӯдакиву Робия, забони форсии Фирдавсиву Зебиниссо, тоҷикигӯиву тоҷикпарастии Саъдиву Ҷомиву Мавлоно ҳама ифтихори миллии мост. Вале имрӯз мо тоҷикему забонамон тоҷикист ҳамчун халқ мо танҳо дар Тоҷикистон ва дар Афғонистон ба номи “тоҷик” шинохта шудему натанҳо миллатпарасти миллатсозӣ бузургони Осиёи Миёна – С. Айнӣ А. Муҳиддинов, С. Ализода, Ш. Шотемур, Н. Махсум, Б. Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон балки ватанпарастии Ҳабибулохон ва Аҳмадшоҳи Маъсуд низ ном ва забони миллати моро пок кардаанд. Имрӯз дар Ватани худу Ватани бегонашудаи худ зиёдтар аз 30 миллион кас зиндаги мекунем, ки ё бо ифтихор дар санадаш халқиаташро “тоҷик” гуфтааст (бештар аз 30 миллион) ё бо зӯри ба ӯ номи дигар додаанду номи аслиаш мебошад.
Дар ин бобат сарнавишти 14 миллион нафар тоҷикони Ӯзбекистон талх аст. Сиёсати ӯзбекгардонӣ дар ин мамлакат ҷиддист. Ҳатто ба назари ман менамояд, ки сарҳадбандиву пешгирии рафту омади тоҷикони Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки ҳама хешу таборанд, аз ҷумла бо мақсадест, ки сухани тоҷики дар вилоятҳои Қашқандарёву Сурхандарё, Самарқанду Навоиву Бухоро, Тошканду Намангону Фарғона камтар шунида шавад. Тоҷикони ин маҳалҳо, ки аксарияти аҳолии ин маҳалҳоро ташкил мекунанд ба тақдир тан диҳанд, гӯиши ӯзбекияшонро равонтар кунанд, на танҳо мактабу муассисаҳои давлатӣ, балки дар хонаву бозор ҳам аз гуфтугӯи тоҷикӣ худдори кунанд, оҳиста – оҳиста сиёсати “як халқу ду забон” ба манфияти забони ӯзбеки ҳал шавад. Он гоҳ ҷаҳониён хоҳанд дид, махсусан насли нав, ки аз таърих бехабар аст, дар кишвари собиқи Бухоро мардум ӯзбекӣ сухан мегӯяд Бухоро Ӯзбекистон аст ва решаи халқи мусуламман ӯзбек аст, ки ба суғдиҳо рафта мерасад.
Ин фоҷиаи нави бадтарини сарнавишти тоҷиконро пешгири кардан душвор мешавад. Аз ин сабаб талошҳои тоҷикони имрӯзаи ин кишварро ки мехоҳанд дар Ӯзбекистон мухторияти фарҳанги дошта бошанд яъне дар вилоятҳои тоҷикнишин забони таҳсил ва кори тоҷики бошад табрик бояд гуфт. Як зуҳуроти аҷиби дигар ҳатто умедворкунандаро (яъне нағз) ёд кардан мехоҳам. Дар шароити имрӯзаи соҳибистиқлолӣ интихоби озоди ҷои зист садҳо ҳазор намояндагони халқи мо тоҷикон аз Ватани бобоии худ баромада дар Русия, ИМА, Қазоқистон, ҶИМ, Корея, Турки, Олмон, Малайзия зиндаги ихтиёр кардаанд. Онҳо ё насли онҳо ба Ватан – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон боз мегарданд ё не ин масъалаи дигар аст. Шояд онҳо миллату шаҳрвандии ин мамлакатҳоро қабул кунанд аммо чун халқ тоҷик мемонанд. Онҳо худро тоҷики фалонҷоӣ мегӯянд, аммо “форс ё эронӣ” номида наметавонанд. Нигаред, чӣ қадар одамон ҳар сол “ман тоҷик” гуфта бо роҳи “Пайванд” ба кишварамон омада аз пешрафти тоҷикон ифтихор мекунанд ва ба суруди “Тоҷик ҳама ҷо, Тоҷикистон якто” ҳамовоз мешаванд.
Муҳоҷирати нав ному халқу забонро бо калимаи “тоҷик” ифода мекунад. Аллакай бештар аз 100 сол аст, ки муҳақиқони тамоми олам дар Афғонистону Осиёи Миёна таърихи фарҳанги халқи Тоҷикро сарнавишти халқи тоҷик ва забони онро меомузанд. Асарҳои Ян Рибка, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Фрай дар таҳқиқи халқи тоҷик ва шеваи Шарқии Эрон забони Тоҷикиро таблиғ мекунанд. Сарфи назар бо фаҳми он ки Маликушуаро Баҳор, Фуруғи Фаррухзод, Халиулоҳи Халилӣ ва Дастагири Панҷшерӣ, Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ бо як забон гуфтугу ва эҷод кардаанд, ҳамаи онҳоро адиби форс ё эронӣ намегӯянд балки ба ҳайси адиби Эрон, Афғонистон ё Тоҷикистон ёд мекунанд. Устод Лоҳутӣ зодаи Эрон аст аммо шоири Тоҷикистони Шӯравист. Ин бузургон умумияти таърих, фарҳанг, адабиёт ва забонамонро дар асри миёна эътироф ва эҳтиром доранд, аммо онро фаромӯш намекунанд, ки ин фарзандони як падару модар ки волидашон 10 ҳазор сол пеш зода буданд имрӯз мустақил шуда хонаву дар ва авлод ва ҳатто аҷдоди нав пайдо карданд. Порси қадим ҳам мисли Мисри қадим, Македонияи қадим, Руми қадим ба кишварҳо халқҳо ва забонҳои мустақил тақсим шудааст. тоҷикистони азизи мо порае аз он дунёи қадим бо ин номи наваш пойдор аст.
Сентябри соли 2014