Эмомалӣ Раҳмон рамзи расмии “Наврӯз”-ро тасдиқ кард (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми феврал ангораи ҷашни Наврӯзиро тасдиқ кардааст, ки минбаъд ҳамчун рамзи ин ҷашн кор бурда мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад: “Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.”
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми форсу тоҷик буда, ахиран аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Феълан "Наврӯз" дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ба таври густурда таҷлил мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |