Бахшҳо
04 фев 2015 16:25Тоҷикистон / Сиёсат

Бобозода куштори профессори ҷопониро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Ғуломҷон Бобозода, собиқ вазири рушди иқтисоду савдо ва сафири феълии Тоҷикистон дар Ҷопон бо рӯзноманигорони расонаи хабарии “Nippon” дар бораи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар суҳбат кардааст.

Бобозода раванди гузариш аз иқтисоди нақшагӣ ба иқтисоди бозориро зикр карда, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро муаллифи иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон хондааст. Ӯ афзудааст, ки вазъи феълии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки роҳбарият ва давлат роҳи дурустро пеш гирифтаанд.

Дар миён рӯзноманигорони ҷопонӣ зикр кардаанд дар солҳои даргирии дохилӣ дар Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Сукуба, Акино Ютака ба ҳалокат расидааст ва аз сафири Тоҷикистон дархост кардаанд, ки онро шарҳ диҳад. Бобозода посухашро аз он оғоз кардааст, ки солҳои 90-уми асри гузашта нерӯҳое, ки хостанд сохтори ҷамъиятӣ-сиёсиро иваз кунанд, тавонистанд Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашанд: “Дар роҳи барқарорсозии сулҳ, ки роҳбарияти давлат ва халқ барои он талош мекарданд, кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла писари фарзонаи халқи Ҷопон-Акино Ютака бузург буд. Ӯ ҳамеша ғами тақдири мардумро мехӯрд ва дарк мекард, ки дар чӣ гуна вазъи мураккаб Тоҷикистон қарор дорад. Вай дар ҳайати СММ тамоми имконоташро ба кор бурд, то дар Тоҷикистон сулҳ барқарор шавад.”

Сафири Тоҷикистон илова кардааст, ки мардуми тоҷик аз профессори марҳум бо миннатдорӣ ёд мекунад ва бархе муассисаҳо, аз ҷумла мактаб-интернат ба номи Акино Ютака гузошта шудааст: “Акино Ютакаро, ки ба таври фоҷиабор соли 1998 дар Тоҷикистон ба ҳалокат расид, мардум ёд дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ соли 2007 зимни боздидаш аз Ҷопон Ютакаро ёд карда, барои иштирокаш дар раванди барқарорсозии сулҳ изҳори миннатдорӣ карду ба хешону наздиконаш изҳори ҳамдардӣ намуд.”

Акино Ютака дар қатори ҳайати нозирони СММ-майори поляк, Ришард Швезик, майори Уругвай, Адолфо Шарпегю ва тарҷумон-ронандаи тоҷик Маҳкамов зимни ҳаракат аз ноҳияи Тавилдара ба тарафи маҳаллаи Лабиҷар ҳадафи тирпаронии афроди номаълум қарор гирифта, ба ҳалокат расида буданд. Эмомалӣ Раҳмон он вақт ин қазияро кори дасти афроде хонд, ки мухолифи раванди барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистон мебошанд.
Мӯҳр
Рустам
Чаноби Бобозода, Мулло Абдугаффорро фаромуш накардед? Оне, ки Шумо ва 4 каси дигарро дар теппаи Самарканди гаравгон гирифта буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)