Розигии Эмомалӣ Раҳмон аз кори Бонки Ҷаҳонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Сароҷ Кумар Ҷҳа, директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Кумар Ҷҳа рӯзи 4 феврал дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Дар ин дидор, ҷонибҳо зимни баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои он изҳори қаноат кардаанд.
Бо баҳодиҳии мусбат ба рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна ба назар мерасад, ҳамзамон таъкид гардидааст, барои нигоҳ доштани суботи иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои муассири зиддибуҳронӣ пешбинӣ мешаванд: “Гуфтугӯйи судманд доир ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2015 ва муайян намудани афзалиятҳои асосии пешрафт барои давраи то соли 2030 сурат гирифт.”
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 185,1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои имтиёзии Бонки Ҷаҳонӣ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад ва дар 6 моҳи аввали соли 2015 боз 100 миллион доллари амрикоӣ грант ва қарзи имтиёзӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳо ҷудо мешавад.
Сароҷ Кумар Ҷҳа низ дар навбати худ изҳор дошта, Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ аз рушди босуботи Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |