Бахшҳо

Баҳси “калкунӣ”-и зани фоҳиша: Сазои раҳмат ё лаънат? (ВИЕДО)

Шеваи “муҷозот” – тарошидани мӯйи сари зани миёнсоле барои танфурӯшӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди баҳс қарор гирифт.

Дар наворе, ки ахиран ба интернет роҳ ёфт, гуруҳи ҷавонони тоҷик мӯйи сари зани миёнсолеро тарошиданд. Тавре дар навор дида мешавад, ҳар чанд ин зан мегӯяд, тавба кардаасту дигар ба ин роҳ намеравад, аммо ноширон ё “қаҳрамонҳо”-и навор аз қасди худ барнамегарданд.

Бархе аз корбарон аз ин шеваи “муҷозот” ҷонибдорӣ карда, онро яке аз роҳҳои аз байнбарии танфурӯшӣ миёни занон донистаанд. Аммо дар ин баробар шумораи онҳое низ кам нест, ки зидди ингуна иқдом буда, онро роҳи ҳалли ин мушкил намедонанд.

Эраҷ Назаров, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук, ки аз мухолифони ин гуна иқдом аст, мегӯяд, роҳи нодуруст ҳеч гоҳ роҳи ҳал шуда наметавонад:” Гумон мекунед, ки бо тарошидани мӯйи ӯ корро ҳал мекунед? Чаро ин чизро дар доираи қонун ҳал намекунед? Ҳар чӣ набошад мо ҳаққи касеро бо чунин роҳҳо ҷазо доданро надорем.”

Нашри ин гуна наворҳо бори аввал нест ва қаблан низ наворе дар интернет паҳн гардида буд, ки ҷавонони тоҷик ду занро дар фоҳишагӣ ва паст задани номи тоҷик муттаҳам карда, бо таҳдиди “калкунӣ” ба гиряю зорияшон нигоҳ накарда, маблағҳояшонро гирифтанд. Ин ду зан, ки худро зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, далели даст задан ба фоҳишагиро ночорӣ ва зарурати таъмини фарзандонашон арзёбӣ карданд.

Гарчанде чунин ҳолатҳои “говсуд” кардани занони фоҳиша дар Тоҷикистон кам нестанд, мақомоти пулис мегӯяд, то муроҷиат нашавад, онҳоро таҳқиқ нахоҳанд кард.


Мӯҳр
мухлис
Ман тарафдор ва чонибдории мучозоди шадид хастам нисбати чунин танфурушхо

Ҳамаи ин "қаҳрамонон"-ро дастгир карда мувофиқи қонун ба ҷавобгари кашанд! Ваҳшиҳо ки ба ин "одамон" иҷозат додаст ҳуқуқхои як инсонро бигзор фоҳиша ҳам бошад поймол кунанд! Ҳеҷ бовар надорам ки ин пиразан аз барои шаҳвонияти баланд ба ин кор даст задаст. Чойҳои кор лозим ки занони гумроҳзада бо роҳи рост раванд. Ба одам гуфтани ин ноҷавонмардон забони кас намебеҷад! no

T J K
subhonallo XDO HIDOYATW KNA OMIN AMIXEL BA4OI BA NOMUSI TOJIKA BISYOR KNA OMIN

Фархори
Огои Эрач!!!! Кадом конун?? Чарима? 25 сомони? О мемурад кори халол кунад.чазои зани танфуруши точик анамин.И фохишахо дар хамин Россия хам номи миллата дар замин заданд!!!

Сорбон
Эй мардум агар хамара сар турошанд ними мамлакат кал мешавад ба калбозор табдил мешавад. Ин рох нест ягон рохи дигара кофтан лозим

афсус, ки занону духтарон ба ин фосики даст мезананд, хам нафратам меояд ва хам рахмам меояд, лекин аз дастам хеч кор намеояд ки ба онхо кумак бикунам, бояд хукумат ба ин проблема даст занад ба онхо чои кор ва е ягон чорае дидан лозим ки онхо лукмаи нонашонро ефта хуранд, хамаи ин фохишахоро кормандони орган крышеват мекунанд, ва аз бачахо хохиш ки бо занон чунин рафтор накунед барои он ки онхоро крышахояшон мачбур мекунанд ки фосики карда доляро ба коркунони орган диханд агар надиханд ва е аз чунин кор даст кашанд онхоро мешинонанд.

T J K ин занхо одам фуруш ва фоиша яъне духтаронро бо рохи фанд бурда дар дигар давлатхо мефурушанд ту ТЧК мефахми ки хайоти ин духтарон месузад инхо бо касалихои СПИД Сифлис гиритор мешаванд ва дар оянда хайоти чанд чавони дигаро месузанд.Ин занхои фоишаи одам фуруш бояд ба дор овехта шаванд ин занхо аз терорист ягон ками надоранд.T J K,

Сарфароз
Харкадар фишор зиёд шавад, бонухо хамон андоза эхтиёткор ва пинхонкор мешаванд. Ин рохи халли масъала котилони ДИИШ-ро ба ёд меорад.

Амр
Рохи ягона ин нафси харома шикаста ру ба исломи ноб овардан аст, тамомдигар ин роххои сартарошию ........тарошикати ягон бехбуди намешава.Мтали точики хаст, ки беора чи кор кардан, боз гуфтаст ки хубай сояшда рохат мекунам.

Сухроб
Хубшон мекунан. Дар масъалаи интихобот: Ай овози мо зависит мекунад е не мо бояд ба умед бошем. Пеш аз чанг таслим шудан кори "слабак"-хо аст

Касе ки бар зидди ин гуна амалҳо мебошад, як худро мисол биёрад, агар ин зани фоҳиша духтари шумор бо бахонаи кор ва ё дигар масала фиреб дода онҳоро ба хориҷа ба танфуруши фирисод чи кор мекунед, ¿? Бовари дорам аз рӯи виҷдон чавоб медихед

Хамамон модару апаву хохар дорем. Ба ин бародаро гуфтаниам ки шумо баръакс номи миллати Точикро паст мекунед. Ин видеоро тамоми дунë мебинад ки дар хаки як зани Точики худ издиватсаро раво дидед. Ба ин бародарони ки сари ин занро фоиша гуфта тарошиданд гуфтаниам. Шумо бародаро хаки чунин коро надорен танхо ба апаву хохари худатон ва хешу табори худатон дорен. Шумо аз кучо медонед ки сари ин зани бегонаро метарошеду лек хохару апаву хешу таборони шумо дар кадом роханд. Бехтараш хар як оилаи Точик бояд зиди фоишагари бошад. Як муаллими мехнат доштам мегуфт : хар шахсе ки пеши хонаи худро тоза нигох дорад дунë гулистон мешавад. Яъне ман гуфтаниам ки хар бародари Точики мо сари рахи хохару апаи худро гирад фоиша низ намемонад. Ман шахсан зиди чунин фоишахо хастам аммо афсус ин проблема да тамоми дунë аст. Танхо сари рохи ин кори харомро хукумат метавонад гирад. Худо ин Миллати азизи моро дар панохат нигох дор ва ба занону мардони ин миллат имони мустахкаму шарму хаëро то абад ато фармо. ОМИН

Хам нафрат дорам хам рахмам меояд ... Лекин ин илочи кор нест ... Агар ин зан дар хакикат дигар занхоро е духтархоро бо рохи фиреб ба дом афтонад хаккаш кал куни буд --а лекин бо хохиши худи духтархо бошад ин гапи дигар аст .. Бовар кунед худи хамун фохища хам аз фохиша будани худ хуш нмамебошад ин бечорахо шабхои дароз гиря мекунанд ки ба хамин руз афтидаанд .. баъди гиряхои бисер ва он озоре ки аз дасти мо мардхо мебинанд --дигар барои онхо харду дуне як мебошад ... Биеед аввал мо мардхо худамон мард бошем ...Дар навбати аввал баъзеи мо барои кадом гапхои бечо занмора сар натием -дуввум аз истифодаи ингуна фохишахо даст кашем .. саввум дар ватани худ зиндагии шоистаро барои Чамъият мухайе кунем ..

Мо чавонон бо чунин родмардони ватан мефахрем!!

Беном
Танфуруши гуноҳи азим аст, ягон шубҳае нест, аммо барои чи аз танхаридон касе сухан намекунад, танҳо барое, ки онҳо "мард" ҳастанд! Агар харидор набошад "бозор" барои чунин занҳо ҳеч гоҳ амал намекунад. пас чораи дигар низ ба ғайр аз калкуни метавонад вучуд дошта бошад, аз байн бурдани талабот барои танфуруши, вале ба ин он "мардҳо" қобил нестанд ва ба фикри онҳо гуноҳ аз танфурушон аст на балки аз танхаридорон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)