Бахшҳо

ВИДЕО: Даъвати Кабирӣ тариқи ТВТ: Барои курсӣ қонунро нашиканед!

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 3-юми феврал дар баромадаш тариқи шабакаи аввали телелвизиони кишвар аз мардум хост, дар интихоботи парлумонии 1 март ба ҷонибдорӣ аз ҳизбаш овоз диҳанд.

Кабирӣ дар хитоб ба мардум гуфт, ”пештар ҳамеша мегуфтам, ба ҳар як ҳизбе, ки дилатон мехоҳад райъ бидиҳед, вале дар ин интихобот бо назардошти вазъияти имрӯза аз Шумо хоҳиш мекунам ба Ҳизби наҳзати исломӣ овоз диҳед”.

Ба ақидаи Кабирӣ овоз ба ҷонибдорӣ аз ҲНИТ ин овоз бар зидди туҳмат, бар зидди дуруғ, ихтилоф ва фитанаангезӣ аст: “Ба Ҳизби наҳзати исломӣ раъй додан ин овоз барои субот, ваҳдат, ҳамбастагӣ, барои ҳамдигарфаҳмии дин ва дунё, барои оромиш ва суботи дунё ва охирати ҳар кадоми мо аст”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қайд намуд, ки наметавон тоҷикро, тоҷикистониро ба тарафдори мутлақ динӣ ё дунявӣ тақсим кард ва касе талош мекунад миллати тоҷикро ба ду гуруҳ- динӣ ва дунявӣ ҷудо кунад, ин як хилофандозӣ ва фитнагарӣ дар ҷомеа аст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ба он дӯстоне, ки масъалаи дину дунявиятро мебардоранд, гуфтаниям, ки ин масъаларо аллакай миллат ҳал кардааст: "Дар референдум ва бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ин масъала ҳал шуд, миллат иҷозат дод дар кишвари мо як ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд дошта бошад. Хоҳиш мекунам сари ин масъала дигар худро азият надиҳанд, танҳо ва танҳо миллат ва қонун дар ин бора метавонад тасмим бигирад ва танҳо аъзои ҳизб дар бораи ном ва ё барномаи ҳизб сухани охиринро бигӯянд. Вале мо бар ин назар нестем, ки пешниҳодҳои дигарон нодида гирем, мебинем, меомӯзем, таҳлил мекунем, вале на бо фишор”.

Кабирӣ қайд намуд, ки боварӣ доранд дар парлумони ояндаи кишвар намояндагони бисёре аз ҳизбҳои сиёсӣ ва ё номзадҳои мустақил ворид хоҳанд шуд ва агар дар пардумони кишвар ҳамаи ҳизбҳо намояндаи худро дошта бошанд, ин бурди кишвар ва парлумон хоҳад шуд ва ҷои ягон ҳизби сиёсӣ, сиёсатмадар ё мансабдор кам намешавад.

Муҳиддин Кабирӣ дар муроҷиат ба масъулини ҳукуматҳо дар маҳаллаҳо, муаллимон, расиони ҷамоатҳо, мақомоти ҳифзи ҳқуқуқ гуфт, дар арафаи интихобот ба қонуншиканӣ, фишор болои номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғӣ роҳ надиҳнд: “Имрӯз аксрияти раисони ҷамоатҳо, масъулини далатӣ ва онҳое, ки тақдири интихбот дар дасти онҳост намояндаи як ҳизб ҳстанд. Хиёнат ба як овоз ин хиёнат ба миллат аст. Касоне, ки дар комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд, бахусус муаллимони муҳтарам, кормандони фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ аз Шумо як хоҳиш дорам, биёед миллатро дигар тақсим ба худиву бегона накунем, ҳар як овозро ҳамон тавре, ки мардум райъ додааст дуруст ҳисоб кунем, агар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раъйи бештар гирифт, ягон мусибате барои ҳеч кас нахоҳад шуд”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хитоб ба масъулини давлатӣ гуфт, барои чанд сол мондан дар мансабе корҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳед, вале бидонед, ки ягон вазифа доимӣ нест: “Домиӣ фақат адолат аст, ҳақиқат аст, Худованди якто аст ва ҳама мо дар назди Худованд, виҷдони худ ҷавобгар ҳастем”.


Мӯҳр
Мухлис аз Душанбе
Баромади нагз ва кобили кабул буд, ахсан Кабири бади баромад ман хулосама баровардам ки ба чонибдории ХНИТ овоз медихам Иншоллох

сайф хатлон
офарин кабири мардуми мусалмон кишвар ки99% ташкил медихан бо ХНИТ бар зиди фасод кавмгарои хиёнат мубориза мебаранд

довталаб
Ин маротиба аз тв шикоят накард?

Чамолиддин
Дар экрани телевизионхо бачаи хуб менамояд, дастакаш кариб пеши бар

Худованд хифзут кунад устоди азиз ! Худо миллати Точикро ба хакикат наздик кун омин омин!

Душанбе
Дар хакикат бо савод будай бе когаз гап зад ранги хукуматдорои мо сар хамкуни боло куни надошт офарин арзанда аст ба сиесат ман тарафдор

натоккони тв давлати суханро бо ёди Худо сар карданро ёд гиред...

Бит монид Мухиддин ако. Агар шумо вокеан НАХЗАТИ ИСЛОМ бошед, на ХИЗБ, чунки Ислом хизб надорад ако, равид кори муллогитона кунид. О чизеба сиёсатба худатона кати касодет? Якта шумора ришатон нест ако, Худо накунад агар фадо шумо галаба кунид, олама риш зер мукунад. Худованда дар дил парастиш кардан даркор, ба сиёсат Ислома кати накунид!

мадина
МО бо шумоем ХНИТ!!!!!!!!!!

Мухочир
Хуб гуфтед Чаноби Кабири . Худо кувват то бо чашм бубинем дар амал суханхоеи некатонро дар хакки ин миллати сазовор ба сулху оромиш ва пешрафта .

Дар кадом конун гуфта шудааст, ки Точикистон барои хама нест??? Бе шиору ту хам Точикистон барои хама аст! Дар аксар давлатхо Хизби Исломи нест, мана ту баромад карда истодаи!...

Шумо мардуми Файзобод бисёр опасаниен. Худо шуморо власть надихад. Дар хами рассия хам кортон факат кидать, дуруггуи, ва бозикунихай.

"Намоянда" гуфта ба ин сухан чавоб гуфтан даркор, "кави" гуфта чавоб гуфтан зарур. Номзадхои ХНИТ барои забонро надонистан пас мегарданд, чи хел онхо дар Парлулон чой ёбанд, чи хел конун кабул кунанд???

Эй нахзатихо хамдигарро офарин гуфта гардед, тасаллои хамдигар мешавад! лекин хама медонад, худатон хам медонед, ки галаба намекунед, вагарна ин кадар хай-хай намекард Кабири, хеч кас намонд, на макомоти хифзи хукук, на муаллим. хамин Президентро кор нагирифт, дигар хамаро... аз худ кард.... хамон шиорро кариб нодуруст мехонд "Точикистон барои хама" неву "Точикистон барои ман (Кабири)"...

Mo ahli honawoda azoi yagon hizb nestem wale baromadhoi bisyori raisoni hizbhoi siyosiro az tariki tv dida budem. Baromadi Kabiriro bori awal didem az tariki tv hele ham sazowori ahsan bud. Dar simoyash ham diplomat ham mardi boilmu marifat dida meshud. Ana naw fahmidem inkadar siyohkuni hukumat in hizbro baroi chi budast. Mo owozamonro ba in hizb dodem. Kani binem baromadi bokimonda raisoni hizbhoro bo kogazi ranga yo oddi? Ba har hol muhtaram raisoni hizbho wakti baromad bo kogaz ham boshad kame saratonro bardored az rui kogaz akalan mardum purra binan chehrai shumoro.

Абдулло
АХСАН УСТОД!!!

Ахсан УСТОД !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)