Бахшҳо

Орзуву умедвориҳои “солинавӣ”-и муҳоҷирон, Кабирӣ, Зоиров, вазирон ва... (Танзи нимасиёсӣ)

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Соли нави мелодӣ гузашт, аммо орзуҳо боқӣ мондаанд. Ҳеч кас, ба вижа афроди шинохта орзуи худро ба омма ошкор намекунад, аммо барои тақрибан муайян кардани орзуи бархе афроди саршинос як талошаке анҷом додем. Умедворем, ҳеч кас хафа намешавад...


Орзуи вазир: Порсол нақшаи буҷетро 120 фоиз иҷро кардам, имсол буҷет нақшаи моро 140 дарсад иҷро мекунад. Порсол 10 хеши ҷавони ниёзманд ва бекасбу корро соҳиби диплом карда, ба кор гирифтам ва вазифа додам, имсол боз 20 хеши наздику дурро дастгирӣ мекунам, то соҳиби ҷои кори муносиб шаванд ва сатҳи бекорӣ дар кишвар пойин равад.

Раис: Порсол дар ин ноҳия раис будам, умедворам имсол дар ноҳияи дигар раис мешавам. Агар аз раисӣ гиранд ҳам, умедворам, ҳадди ақал курсии депутатӣ насибам мешавад. Шукронаи истиқлол.

* Порсол заминҳоро куллан аз рӯи адолат ба мардум ҷудо карда додам, ягон метрашро ҳам нафурӯхтам, имсол умедворам, боз қарори нави президент дар бораи заминтақсимкунӣ қабул мешаваду боз ба мардум замин медиҳам.

Журналистон: Порсол ҳукумат ба мо хонаи дуҳуҷраӣ дод, имсол умедворем, бо назардошти пур шудани плани демогарфӣ хонаи сеҳуҷраӣ медиҳад.

* Порсол муҳандиси идора системҳоро куллан таъмир кард, умедворем, имсол боз аз сар таъмир мекунад, ки дар ҷараёни кори журналистӣ, мушкили техникии Бег Зуҳуров осонтару роҳаттар паси сар шавад. Порсол маошро дар конверт мегирифтем, имсол дар дипломат мегирем.

Гузоришгари ТВТ: Порсол раиси шаҳри Душанбе ба ҳамаи журналистони мустақил замин дод, умедворем имсол ба журналистони давлатӣ ҳам медиҳад.

Шаҳбол: Порсол Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ зарари ҷисмониро пардохт кард, имсол умедворам, зарари маънавиро ҳам мепардозад.

Шӯҳрат Қудратов: Порсол аз адолати тафтишотӣ розӣ будам, имсол аз адолати судӣ розиям.

Саидумар Ҳусайнӣ: Порсол паёми раисҷумҳура ба мардуми Бадахшон расонида натавонистам, имсол умедворам, худашон мустақим аз телевизион тамошо карда бошанд.

Ронанда: Порсол IRS мошинҳоро ройгон аз дарвозаҳояш гузаронд, имсол ҳам умедворем ройгон мешавад.

Орзуи мардуми деҳот: Порсол бо баракати оғози кори чархаи дуввуми “Сангтӯда 2” ва чархаи якуми Роғун зимистонро бо барқи шабонарӯзӣ ва гармиву равшанӣ сипарӣ кардем, имсол мехоҳем боз барқ бештару арзонтар шавад.

Орзуи сокинони Душанбе: Порсол дар шаҳр гази табиӣ ва гармии Маркази гармидиҳӣ-2 фаровон буд, имсол умедворем, ба хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лулаи газ кашида мешавад.

Шавкат Бобоев: Порсол гази Сариқамиш мавриди баҳрабардоӣ қарор гирифт, имсол умедворем, содироти газ ба Узбакистону Қирғизистону Чин шурӯъ мешавад.

Усмоналӣ Усмонов: Порсол оби Кӯли Сарезро Эрон бар ивази нафт лӯлакашӣ карда бурд, имсол умедворем, оби обанбори Роғунро ба Узбакистон мефурӯшем.

Донишҷӯ: Порсол муаллимон аз мо - донишҷӯҳо пора нагирифтанд ва имсол умедворем, порагирӣ аз байн меравад.

Муаллим: Порсол донишҷӯҳо ба мо - муаллимон пора пешниҳод накарданд ва бо дониши худ баҳо гирифтанд, имсол умедворем, нақши дониш боз ҳам болотар меравад.

Донишомӯз: Порсол мактаби миёнаро хатм кардам, имсол насиб бошад ба Русия муҳоҷират меравам ва пул кор карда ба донишгоҳ дохил мешавам. Умедворам, донишгоҳро хуб хонда, димломи сурхро гирифта, ба Русия бармегардам ва дар муҳоҷират аз рӯи ихтисос кор меёбам.

Мусофир: Порсол дар Хундай-старексхои курсиаш 4 нафарӣ, 3 нафарӣ мусофир савор карданд, ҳай роҳат кардем, имсол умедворем боз роҳатамон идома ёбад.

*Порсол автобусҳои хатти 8 ва 3 ба андозаи курсӣ мусофир гирифтанд ва мусофири изофӣ нагирифтанд, имсол умедворем чунин иқдоми хубу наҷиби худро такрор кунанд.

Муҳоҷир: Порсол моро аз Русия депорт накарданд, имсол ҳам депорт намекунанд. Аммо агар депорт кунанд ҳам парво надорем. Зеро медонем, ки бо 3 ҳазор сомонӣ модари Наимҷон паспорт ва ному насабамонро иваз карда медиҳад

* Аммо порсол мо муҳоҷирон пешниҳоди вазири меҳнатро оид ба маоши 2500 сомонӣ рад карда будем, имсол қабул мекунему ҳамагӣ ба Роғун меравем ва умедворем, хонум вазир ба ваъдаашон амал мекунанду ҳамаи мо дар Ватан соҳиби кор мешавем.

* Сафорат порсол справкаи бозгашт ба Ватан ва паспорти хориҷиро барои муҳоҷирон арзон кард, умедворем имсол бепул мекунад.

Кабирӣ: Порсол бо раисҷумҳур дидори махфӣ доштем, умедворем имсол дидори ошкоро кунем. Порсол бо тухму помидор зиёфат доданд, умедворам, имсол дар тухму помидор баракат меояд.

* Порсол илм сиёсӣ шуда буд, умедворем имсол иқтисодӣ мешавад.

* Порсол аъзои хизби наҳзат ҳангоми омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ба ягон фишору маҳдудият мувоҷеҳ нашуданд, соҳиби толор шуданд, дар телевизион озодона баромад карданд, заминҳои нав гирифтанду офисҳои ҷадид сохтанд, ягон аъзои ҳизб аз сафи ҳизб хориҷ нашуд, имсол умедворем, ки интихоботи парлумонӣ бо кафолати Ҷаноби олӣ дар сатҳи олӣ баргузор мешавад ва аъзои ҲНИТ агар аз ГОСТ-и давлатӣ наафтанд, агар имтиҳони забон ва ҳусни хатро дода тавонанд, дар ҳавзаҳо бемамониат сабт мешаванд.

* Порсол раиси ҳизб, имсол насиб бошад вазири меҳнат...

Зоиров: Порсол иттифоқи касаба толорашро амонат дода буд, имсол умедворем, ки боз не намегӯяд. Ҳар сол намояндаҳои мо дар маҷлис ҳузур пайдо мекарданд, умедворем имсол боз ҳузурашон бештар шавад.

* Порсол нома навишта будам, ки президент аз раисии ҲХДТ даст кашад, имсол умедворам, нома дар роҳ ба дасти милисаҳо наафтода, марзро бемамониат убур карда, ришваву пора пешниҳод накарда, ба иттиҳоми фасод боздошт нашуда, ба садама дучор нашуда, ба тири бачаи Ҳукумов барнахӯрда, ба ҷои зарурӣ расида бошад.

Бухориев: Порсол ҳизби дуюми пурнуфузи кишвар будем, имсол умедворем ки ҳизби якум мешавем.

Муллоҳо: Порсол ягон ҷодугарӣ ва гарму хунук накардем, шайтонро аз худ рондем, дасти номаҳрамро нагирифтем, имсол умедворем шайтон васвос намекунад. Порсол офису хона сохтем, имсол умедворем, ки меҳмонхонаҳои панҷситора месозем.

Қосими Раҳбар: Порсол аз фурӯши картошка фоидаи зиёд дидем, аммо аз сабаби набудани яхдон нисфи картошка пӯсид, имсол ба бизнеси пиёз мегузарем, умедворем пиёз намепӯсад.

Бобои Файз: Порсол ба дӯстдухтарам гуфтам: "очата бугу, мана баррача нагуд", ба очаш нагуфт, имсол соли баррая "мебинаму зиқ мешам". Умедворам очаша бугуд, ки дига баррача нагуд.

Рамазон Раҳимзода: Порсол гунаҳкорони қазияи тирпарронӣ ҷазо гирифтанд, аммо дар мавриди Рустам Ҳукумов дар ёдам нест, ки чӣ шуд. Порсол Низомхон Ҷураев нопадид шуд, намедонем дар куҷост, агар медонистем ҳатман боздошт мекардем.

Мулло Абдураҳим: Порсол раиси Ҳизби наҳзат нашудам, агар раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мешудам, аз раисӣ даст мекашидам ва ҳизбро барҳам медодам.

Раиси "Барқи тоҷик": Порсол маҳдудияти барқро дар ҳама минтақаҳову манзилҳо ба танзим даровардем ва принсипи баробариро риоя намудем. Ҳатто дар утоқи кории худам маҳдудият буд, имсол умедворам, ки ин принсипи баробариро боз ҳам бештар риоят кунем.

* Порсол сабаби бӯҳрони энержӣ телефонҳои ҳамроҳ буданд, ки 22 миллион квт соат барқ истифода карданд, имсол бо назардошти афзоиши ноутбуку планшету таблету диктофону плееру ришгираки барқиву станоки муйсаргириву калонкаву фонарику боқимонда таҷҳизоти барқӣ, таҳлил карда баромадем, ки ширкати Барқи тоҷик барои омодагӣ ба зимистон ва камтар талаф ёфтани барқ боз ба 2 миллион доллар қарзи боимтиёз ниёз дорад ва умедворем, ки имсол созмонҳои молӣ кӯмаки худро дареғ намедоранд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Хуҷанд: Порсол Кабирӣ "обро лой карда моҳӣ доштанӣ буд", умедворем имсол дар оби соф моҳӣ медорад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Порсол дин бесоҳиб буд, ҳар касе мехост аз номи дин ҳарф мезад, ба Ислом даъват мекард, аз ислом суиистифода мекард, имсол дин соҳиб дорад, ба ғайр аз ходимони расмии дин касе ҳаққи аз номи дини Ислом гап заданро надорад.

Раиси ноҳияи Файзобод: На дасти ягон кампир шиканад ва на гандумҳои ман нодаравида монад.

Кормандони академия: Порсол "карсак вакилон" ягон кашфиёту ихтирои илмӣ накарданд ва бо дуои "мулло вакилон" аз осмон микросхемаву мошину роботу телефону айфону роёна ва трактору комбайну таҷҳизоти муосир нарехт, аммо кормандони мо ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд ва порсол ҳар рӯзе 4 мақолаи илмӣ истеҳсол карданд. Имсол умедворем, ки дигар "мулло вакилон" ҳуҷум намекунанд ва "карсак вакилон" бетарафӣ наменамоянду лоиҳаи қонун дар бораи илм қабул мешавад ва дастовардҳои илмӣ зиёд мегардад.

Бачаи вазир: Порсол БМВ Х 5 харида будам, имсол умедворам, ки Х 6 ҳам мехарам ва дар дачаи Варзоб дар як ҳафта 7 рӯзакак истироҳат мекунаму боқимондаи рӯзи ҳафтаро барои дамгирии пас аз истироҳат сарф менамоям.

Бачаи камбағал: Порсол чархи аробаи боркашиам шикаста буд, имсол умедворам, ягон чархи куҳна ёфта, таъмир мекунаму боз ба бозор мебароям. Порсол дар як ҳафта 7 рӯз кор мекардам, имсол кӯшиш мекунам, ки боқимондаи рӯзҳои ҳафтаро ҳам кор кунаму барои китоби дарсӣ, таъмири мактаб ва зодрӯзи муаллимам пул ҷамъ намоям.

Орзуи нафақахурон: Порсол мо 110 сомонӣ нафақа мегирифтем, ба як халта орд намерасиду лекин раисҳову вазирон ҳам 110 сомонӣ нафақа мегирифтанду бо он нафақа ҳам ба худашон мошину хона мехариданд ва ҳам ба писару набераҳояшон, боз бақияаш мемонд. Ҳайронем, ки онҳо чӣ асрореро медониста бошанд. Умедворем, имсол Ҳукумов ва Назаршоева асрори чунин корро ба мо мегӯянд.

Гавҳар Шарофзода: Порсол "любой ҷо"-я ҳисобаша ёфта будем, фақат ҳамин сихкабоби хуҷандӣ мондааст, имсол ба ҳисобаш мерасем.

Раис ва муовини раис: Мутаассифона, порсол аз ноҳияи мо дар Сурия касе набуд, имсол умедворем...

Муллои ҷодугар: Порсол филмҳои мустанади ман дар ҷумҳурӣ машҳур шуд, имсол кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар сатҳи байналмилалӣ барояд.

Милисаҳо: Порсол 1000 ҷавони муллонамоя ришаша тарошидем, имсол талош мекунем, ин рекордро шиканем.

Мардум: Порсол ду сола озуқаи худро захира кардем, имсол умедворем, 7 сола маводи озуқаро захира месозем.

ҶАҲОН

Амрикоиҳо: Порсол аз Афғонистон рафтем, имсол ҳоли бинем канӣ террористҳо дар куҷо сар баланд мекунанд, то рафта саркӯб кунем ва демократияро армуғон барем.

Русҳо: Порсол Қримро гирифтем, имсол референдумро дар дигар нуктаҳои ҷаҳон идома медиҳем.

Эрониҳо: Порсол қимати нон боло нарафта буд, имсол ҳам умедворем, нархи нон боло намеравад.

Чиниҳо: Порсол нисфи заминҳои кишоварзии Тоҷикистонро иҷора гирифтем, имсол ҳамаашро иҷора мегирем.

Фаронсавиҳо: Порсол тиражи рӯзномаҳоямон 30 ҳазор буд, имсол ба 3 миллион мерасонем.
Мӯҳр
Ношукрбандахо шукр кунед хамааш ба хости Аллох нагз мешавад.Хизматхои Рохбари давлатро ба назар гиред ношукри накунед ризку рузиатон дар дасти банда нест дар дасти Аллох аст мусалмон ризка аз Аллох бинад аз бандахояш не.Ниятхоро соф гиред хамааш нагз мешавад,дар хаки Рохбарони давлат дуо нек кунед,фикри бад накунед фикри бад ниятро хам бад мекунад,ният ки бад шуд дунё расво мешавад бародарон.
Точикистон ободтарин давлати дунёст.Шукри Аллохи Мехрубон.

чинди
Бехтарин! Зинда боши бародар!
Раис: Порсол дар ин ноҳия раис будам, умедворам имсол дар ноҳияи дигар раис мешавам. Агар аз раисӣ гиранд ҳам, умедворам, ҳадди ақал курсии депутатӣ насибам мешавад. Шукронаи истиқлол. УВАХАХАХАХХАХАААААААААААААААААААААААА Шукронаи истиклол ХААХАХАХА wink smile

вмсв8равий
Исфандиёр рост гуфти, хамаи бандхо хаканд ва вазъ аз ин хам бадтарай

шукрона
Инуша нагуфти ки порсол шукрона гуфтам, имсол хам шукрона мегум

далер
Рост гуфти бародари азиз! Нодурустхоят хам дуруст.

душанбе
Э мардум Шумо чи ин кадар ношукред охи агар шумо раис ё дигар масъули корхона мешудед чи кор мекардед? Ин суолест, ки баъд аз як сол ё гирифтани мансаб Шумо хам фикратонро тагйир медихед. Пас чи лоф мезанед. Якдигарфахм бояд бошем. ана хамин якдигарфахми дар дигар давлатхо нест, ки мунокишахо сар мезананд.

Як чахон ташаккур ба Шумо. Гапхоятон ба хакикат наздику вале новобаста аз ин шукрона кунед ки чунин ватани ободу зебо доред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)