Раиси ҲНИТ дар бораи занони "исёнгар" ва мусибат будани рақиби номард
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба занони “исёнгар”, ки талоши ворид шудан ба ҷаласаи ин ҳизбро доштанд, посух гуфта, онро кори рақибони “хору залил”-и ҳизбаш донистааст.
Раиси ҲНИТ дар ҳошияи ҷаласаи васеи ин ҳизб аз рақибонаш даваът карда, то дар муборизаҳои сиёсӣ аз занон сӯистифода накунанд. “Вақте мо ҳамчун як ҳизби қонунӣ дар вақти интихобот ҷаласаи ҳизбӣ дорем, як гуруҳ хоҳарони мову шуморо, ки фирефта кардаанд ва бечораҳо ба як васила табдил шудаанд, назди дафтари ҳизби мо меоянд ва мехоҳанд ҷаласаи моро халалдор бисозанд. Ҳамон сенарияе, ки дар дигар ҷойҳо анҷом доданд, мехоҳанд онро такрор кунанд. Набояд корро ба ин ҳад бирасонанд, ки ин модарони бечораро ба паси дарҳо биоранд. Ин бисёр рақобати хориву залилист”,- гуфтааст Кабирӣ.
Ба қавли раиси ҲНИТ, ин бори аввал нест, ки ин гуна занҳо ба мақарри ҷаласаҳои ҳизби ӯ “таҳрик” дода мешаванд: “Дар ноҳияи Румӣ низ як гуруҳ хоҳарон ҷамъ шуда буданд ва аз масъули ҳукумат пурсидам, ки инҳо чи ҳарф доранд, охир ба мо халал расонида истодаанд. Ӯ гуфт, инҳо ҳамчун шаҳванд ҳақ доранд, талаб кунанд ва демократия ҳамин аст. Ман гуфтам, чи хел ин хоҳари азиз аз симояш маълум, ки одами бисёр донишманд ё корманду мансабдор нест, балки зани оддии тоҷик аст. Ӯ шаш моҳ шуд, барқ надорад, на маоши хуб дорад ва ҳатман фарзандонаш дар ҳиҷрат ҳастанду мушкилоти зиёди иқтисодӣ дорад. Чаро пеши идораи худат намераваду даъво кунад, балки пеши ман омадаасту мехоҳад дар бораи будан ё набудани ҳизби исломӣ дар Конститутсия бо ман баҳс кунад? Ин бечорае, ки бояд ҳоло мушкилии барқу нафақаашро ҳал кунад, чӣ гуна пеши ман меомадааст? Ин хоҳарони бечора болои ин ки ҳама мушкилӣ дар зиндагӣ доранд, боз онҳоро ба василаи рақобатҳои носолим табдил мекунанд. Мутаассифона, инро василаҳои нарми муборизаи сиёсӣ бо рақибон аз тарафи ҳукумат ном гузоштанд. Бисёр номҳои зебо!”
Раиси ҲНИТ дар идома чунин шакли рақобатро амали рақибони номард дониста, доштани ин гуна рақибро барои инсон мусибати вазнин хондааст: “Як бузургворе дуо кардааст: “Эй Парвардигоро! Аввал ин ки ба ман рақибу душман мадеҳ, вале агар додӣ, рақиби ҷавонмард бидеҳ, зеро рақиби номард сазовори ман нест ва намехоҳам”. Ин бадтарин мусибати инсон аст, ки рақиби номард дошта бошад. Вале, вақте дар майдон муборизаи ошкорро мебозанд ва ба ҳамин гуна корҳое даст мезананд, ки воқеан боиси хиҷолат аст. Хиҷолат на танҳо барои як ҳизбу ҳаракат, балки барои хиҷолат барои миллат аст”.
Муҳиддин Кабирӣ болотар донистани худ аз дигарон ва нозидан бо номи дину дунявиятро иштибоҳи сахт хонда гуфтааст, ҲНИТ як нерӯи сиёсӣ асту ҳар кӣ дар интихобот номи Ҳизби наҳзати исломиро хат мезанад, аз Ислом берун нахоҳад шуд: “Мо ҳама ҳизби сиёсӣ ҳастем ва тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ амал карда истодаему ҳаққи баробар дорем. Бояд донем, касе зидди мо овоз медиҳад, аз Ислом берун намешавад, ҳамчунин касе зидди ҲХДТ овоз медиҳад, аз шаҳрвандӣ маҳрум намешавад“.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |