Бахшҳо

Кабирӣ: Тибқи нақшаҳо ҲНИТ бояд то 1 март фалаҷ мешуд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар мулоқот бо фаъолони ҳизбаш дар бораи нақшаи фалаҷкунии ҲНИТ то интихобот, суолҳои душвори комиссияҳои интихоботӣ, гузоришҳои дурӯғ ба Президент ва як моҳи душвор барои наҳзатиҳо суҳбат кард.

Кабирӣ дар ин мулоқот, ки имрӯз, 3-юми феврал бо ҳузури беш аз 1000 фаъоли ҲНИТ баргузор гардид, изҳор доштааст, ки “тибқи маълумоти дақиқ дар доираи як барномаи сесола ҲНИТ бояд то интихоботи парлумонии 2015 фалаҷ карда мешуд ва дигар қудрати дар интихобот ширкат карданро намедошт.”

Ба иттилои Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, раҳбари наҳатиҳо дар суханронияш ба қайд нагирифтани бархе номзадҳояшонро дар маҳалҳо низ ба ҳамин барнома рабт додааст: “Зеро агар номзадҳои мо сабти ном шаванд, ҳатман аз мақомот суол карда мешавад, шумо чи гуна ба мо гузориш додед, ки дар ноҳияи фалон ҲНИТ дар натиҷаи барномаи сесолаи мо аз кор монд, фалон миқдор аъзои ҳизбро берун кардему фалон миқдор нафарашро зиндонӣ кардем ва инқадар фаъолиятҳои таблиғотӣ кардем, ки таъсир расонд, вале имрӯз Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолият карда истодаасту номзад пешниҳод мекунад ва гурӯҳи таблиғӣ дорад. Барои ин ки таноқуз ба вуҷуд наояд, онҳо талош карда истодаанд, ки номзадҳои моро бо ҳар баҳона сабти ном накунанд.”

Раис ҲНИТ инчунин аз имтиҳони комиссияи интихоботӣ нагузаштани номзадашон дар Данғара, Хол Камолов, зикр карда, афзуд, мақомот баъзан бо сабабҳои хандаовар номзадҳоро сабт намекунанд: “Як нафаре, ки аз модари тоҷик таваллуд шудаасту дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст ва ғайр аз забони тоҷикӣ ягон забони дигарро намедонад, имрӯз имтиҳон мегиранд ва мегӯянд, ки аз забони тоҷикӣ нагузашт. Яъне ӯ 80 сол бо хонаводаву ҳамсоягонаш зиндагӣ кардааст ва бештар аз 30 сол собиқаи корӣ дар мактаб дорад, пас ӯ бо шогирдонаш бо кадом забон суҳбат кардааст? Ин муаллим дар муқобили аъзои комиссия натавонист исбот кунад, ки забони тоҷикиро медонад. Ин хеле тааҷҷубовар аст. Агар ягон баҳонаҳои мантиқӣ пайдо мекарданд, мо чандон нороҳат намешудем, вале вақте ки масхара мекунанду ба номзадҳои маҳаллие, ки сокинони рустоӣ ҳастанд, савол медиҳанд, ки моддаи 2-и Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ” чӣ мегӯяд? Агар аз 62 вакили кишвар моддаи 1, 2 ва 3-и қонуни ҶТ ”Дар бораи забон”-ро пурсед, оё медонанд? Шахсан аз ман, ки ҳамин қонунро қабул кардам, пурсед дар ёдам нест ва намедонам. Чӣ гуна аз як номзади маҳҳалӣ ингуна суол карда мешавад? Ҳол он ки он дар қонун нест.”

Муҳиддин Кабирӣ илова намуд, ки шикоятҳо дар робита ба интихоботи парлумонӣ рӯзафзунанд ва ҲНИТ ҳамчун як ҳизби сиёсии қавӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон, бояд тасмимҳоеро бигирад: “Ин миллат милати ҳама ҳаст ва ин Ватан низ Ватани ҳама аст. Гоҳҳо мешавад, ки аз бетафовутӣ ва хомӯшии мо вазъият бадтар ва вахимтар мешавад. Чун он тарафи дигар шояд, ки хабар надошта бошад, ки дар минтақаҳо вазъият чи гуна аст ва шояд ба Президент гузориш медиҳанд, ки сад дар сад вазъияти комиссияи интихоботӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар чорчӯби қонун аст ва амру супоришҳои Президент риоя шуда истодаанд. Агар чунин гузоришҳо ба боло рафта бошад, пас бояд ниҳодҳое мисли ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои хабарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мушкилотро бозгӯ кунанд ва ба масъулини боло бирасонанд, ки вазъият на он таврест, ки баъзан гузориш дода мешавад.”

Дар ниҳояти мулоқот раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки “бисёр диламон мехост, ки КМИР як ниҳоди пурқудрат бошад ва интихоботро аз аввал то охираш назорат кунад ва масъулияташро тибқи қонун ва иродаи миллат дуруст анҷом бидиҳад ва аз Президент шурӯъ карда, то вазиру депутат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар масъалаи интихобот тобеъи қонун ва амру супоришҳои КМИР бошанд.”
Мӯҳр
Абубакр ибн абдулох
ХНИТ ИН ФИЛИАЛИ ДАВЛАТИ ИСЛОМИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
АГАР ХОХЕД МИСЛИ СУРИЯ ЧАНГ НАШАВАД ДАР ТОЧИКИСТОН БА ХНИТ ОВОЗ НАДИХЕД!!!

Суханронии шумоя ако хонда, пикр кадам, ки Точикистонба танхо шумо будет деее. Хамту дилам гижи када монд! Хато як лахза ба худам гуптам: Мана кандидат! Аммо якта а образ баромада бенам, хеч чиз кадагитон не ку ако дар зарфи Истиклолият! А нее, хато кадагим! Кадагитон хаст, соли 1991-1992 коротона то хол дуруст када гаштаст Хукумати кунуни! А номи шумо акааа, а номи хизбатон ва а номи худам якта КАЛОН рахмат хукуматанда! Рахмат, ки кабл аз хама сулху субот ва ороми пойдор аст!
Озодагонее, оптом удалит кун, боз чангатон накунан...

Бозор
Дар чунин шароит ХНИТ барои Точикистон даркор аст. Ман аъзои ягон хизб нестам ва намешавам, вале ин як хизби муътадили исломи аст, ки факат хадафаш фаъолияти сиёси аз тарики демократия. Лекин агар ба назари ман болои ин хизб фишор биёяд он вакт рох барои тундравхо кушода мешавад. Баъд магар нишавта дар интизори "Давлати исломи" бошем, ки бо он афкори ахмаконаву тафаккури асримиёнаги алакай дунёро таксим кардаанд. Худо беху буни он хели чиходкунандагонро аз реша биканад. Омин

тура
Абубакр ибн абдулох,садкаи номи абубакр шави бо мегуи ба хнит овоз надихед худатро ба дор каш овоз метием ин як тарафи сулх астки имруз ту ховои тозамекашиИЛТИМОС ЧОПКУНто инхел буздило тафрика накунад и л

ҲХДТ
Агар хоҳед ки дар тоҷикистон ҷанг шавад пас овозҳои мардум ба ҲНИТ додаро дуздед

ба навиштахои Бозор сад дарсад розиям, дуруст кайд кардед. барои он ки онон низ шахрвандони кишварамон хастанд ва мехоханд точикистониенро бофархангу бомаданияту боакл ва серу тинч бубинанд.ва ба онхо дар икдоми некашон рохи сафед орзумандам.

Устод Кабири шахсияти донишманд асту дар хама сухбатхояш аз миллату худшиносии милли гап мезанад. Вале ачоибаш он, ки худи КАбири кайхо шахравандии кишвари Туркияро гирифта дар ончо сохиби хонаву дар аст ва оилаашро низ кайхо ба ончо кучонидааст. Ана миллатпарастиву худшиносии милли гуфтан!

ба хамаи шумоене ки нисбати ХНИТ ТУХМАТ МЕКУНЕД!АГАР ЛАГАНДБАРДОРИ ХОНАВОДАГИ НАБОШЕД КАНИ ДЕМОКРАТИЯ КАНИ ОЗОДИ?МАРДИКОРИ! БЕБАРКИ!БЕКОРИ!ШУКРОНА КУНЕД КИ ЧУНИН ВАТАН ДОРЕД(РУСИЯ Е КАЗОКИСТОН) ТОЧИКА РАВ ДАР ГАРИБИ ТАМОШО КУН!

муначим
тура,
Окои Бозор хамфикри шумоям гарчанде рабте на ба ХНИТ ва на ба ХХДТ дорам. Мабнои рохи ХНИТ ин истифода аз демократия аст гарчанде метвонад сирф идиология фундаментал ё тундгарориро пеша кунад. Хукукматро низ дарк кардан мумкин сол то сол эътибораш миёни мардум коста мегардад, барои бехтар кардани он бояд масири дигареро пайдо ё кашф кунад он хам бошад на шикастаи ракибони муътадили сиёси бошад. Зеро бо ХНИТ бози кардан ва паст кардани эътибори он то хаде(чун кулли аъзоёни ХНИТ ханафиянд) тавхин болои мазхаби хеш аст ва ин имкониятест барои тундгароён.

муосир
Санчиши забони давлатии яке аз икдомхои бехтарин аст. Вакиле ки дар парлумон мешинад забони точикиро надонад, Пас аз дигарон бояд чиро талаб намуд. Забон яке аз мукаддасот аст ва бояд онро вакилон бу чуну чаро донанд.

Дехконбача
ХНИТ шумо агар ба сари хокимият биёед Точикистона Худо мезанад. Барои он ки он номзадхои 72-73 сола кати шумо як рузхам давлата идора карда наметавонен. Дар ёдамон хаст ки Шумо фахр мекардед ки Мухаммад Мурсиро дидед чи тавр ба сари хокимият омад. БАЛЕ ДИДЕМ! Чи тавр давлатрони кард дар Миср серию пури омад... Ва дидем чи кадар давлатрони кард. Барои хамин Мухтарам Мухиддин Кабири биё худатро дар назди халк шуму шарманда накун ту ва тарафдоронат як рузхам давлатро идора карда наметавонед. Сарбаланду хонаобож бошем!!!

Мардуми мо аз сари Сарвари Давлат сар кардаги то коргари оддиаш хамаш мардуми софдили бекинаанд барои хамин кадар Аллох баракат додайшон баъзеашон намедонад ки чи хел бахели кунему сохиби ягон курси шавем.Ниятора аввал соф кардан даркор баъд хамаш мешавад агане хеччиз намешавад ба умеди харкас нашавед.

"тибқи маълумоти дақиқ дар доираи як барномаи сесола ҲНИТ бояд то интихоботи парлумонии 2015 фалаҷ карда мешуд ва дигар қудрати дар интихобот ширкат карданро намедошт". Шарм намедори, хамном. Туву хизбат ба ки даркоред. Ва ин дуруст аст, ки хукумат ба шумо нобоварона муносибат мекунад. Шумо хар гох метавонед неш занед!.

беном
шукрона кунед ки дар фазои тинчу ороми зистаед. Агар хукумат хохад шумобарин хизбхои лилипутхоро дар мухлати кутох аз байн мебарад.

Хушдор
Инхо вакте сари кудрат биёянд аввалин чизе ки аз ёд мебаранд ва зарбааш мезананд номи точику фарханги точик аст. ин хо хама собикаи таърихи доранд инхоро дар ин вазъ набинед ва нагзоред ки ба давлат наздик шаванд омаданд баъд пушаймони суд надорад халки азизам! Аз мучассамахои бузургони точик ки хиёбонхио Душанбешахри моро зеб медиханд ному нишон намемонад Шохномасузи сар мешавад тамоми номи кучаву бозор хатто номхои точиконаи мо аз байн хохад рафт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)