Ҳарфҳои имом-хатиб дар бораи марги подшоҳи Арабистони Саудӣ бо вокуниш рӯбарӯ шуд
Аҳмад Ҷаннатӣ, дабири Шӯрои нигаҳбони Эрон подшоҳи Арабистон - Абдуллоҳ ибни Абдулазизро “Қоруни Саъудӣ” номидаву гуфтааст, марги ӯ фақат барои Амрико ва Исроил тассалият дорад.
Ҷаннатӣ, ки имом-хатиби масҷиди ҷомеи Теҳрон ҳам ҳаст, дар хутбаи намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта гуфтааст, марги подшоҳи Арабистонро бояд ба ҳамаи мусулмонон табрик гуфт. Расонаҳои маҳаллии Эрон навиштаанд, Ҷаннатӣ дар ин хутба гуфтааст: “Марги Қоруни Саъудиро ба амрикоиҳо ва исромилиҳо ва касоне, ки аз суфраи ӯ ғизо хурдаанд, бояд тассалият гуфт ва ба мӯъминон ва мусулмонони ҷаҳон бояд табрик гуфт”.
Ба дунбол Шӯрои ҳамкориҳои халиҷи Форс ба ин ҳарфҳои Аҳмад Ҷаннатӣ вокуниш нишон дода, бо нашри як баёния суханҳои ӯро тавҳиномез ва тафриқаафкан хондааст. Абдулатиф бани Рошид, дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои халиҷи Форс гуфтааст, ибрози ин суханони душманона аз сӯи як мақоми масъули эронӣ таъсире ҷуз афзоиши шикоф миёни Ҷумҳурии Исломӣ ва кишварҳои узви ин шӯро барҷо намегузорад. Дабир кулли ин шӯро аз масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон хостааст, ҷилави рафторҳои беҳудае, ки ба таҳкими равобити дӯстона бо ҳамсоягон халал мерасонанд, гирифта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |