Боздошти даҳҳо тоҷик дар роҳи бозгашт аз Украина
Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи бозгашт аз Украина зимни вуруд ба қаламрави Русия боздошт шудаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон”, яке аз боздоштшудагон Сайёра Лаълбекова, сокини шаҳри Хоруғ, хабар дод. Ба гуфтаи Лаълбекова бисёри боздоштшудагон барои убури марз, ки яке аз талаботи қонунгузорӣ барои ҳузур дар Русия аст, ба Украина рафта буданд: “Он ҷо ҳама хуб буд, санадҳоро муҳр заданд, вале дар роҳи бозгашт дар Русия моро сарҳадбонон боздошт намуда, дар ҳуҷҷатҳоямон муҳри мамнуъулвуруд заданд. Ҳозир моро дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Брянск нигоҳ медоранд.”
Лаълбекова афзуд, танҳо дар утоқи онҳо се зани тоҷик нигоҳдорӣ мешаванд, ки дар роҳи бозгашт аз Украина боздошт шудаанд: “Ҳамроҳам Сайёра Муҳаммадова ва Гулҷеҳра Муъминова нигоҳдорӣ мешаванд, ки сокинони шаҳри Душанбеянд. Дар маҷмуъ шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳ беш аз 50 нафаранд.”
Лаълбекова бо зикри он, ки бархе аз боздоштшудагон беш аз 4 моҳ дар боздоштанд, аз мақомоти тоҷик дархост намуд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд: “Аллакай қарори истирдоди ҳамаи мо ба Ватан содир шудааст, аммо маълум нест, ки кай моро ба Ватан равон хоҳанд кард. Занҳо ҳудуди 10 рӯз дар ин ҷоянд, вале ҳастанд тоҷиконе, ки аз 4 то 6 моҳ дар ин боздоштгоҳанд.”
Ин муҳоҷири боздоштшуда аз сафорати Тоҷикистон ва намояндагиҳои дигари кишвар дархост дорад, ки барои интиқоли ҳарчӣ зудтари онҳо ба Ватан мусоидат кунанд, зеро шароити нигоҳдорияшон-аз вазъи санитарӣ то ғизояшон хуб нест: “Ҳадди ақал молҳои худамонро намедиҳанд. Вақте дархост мекунем, маъмурин хомӯшӣ ихтиёр мекунанду чизе намегӯянд. Хоҳиш мекунам, ҳар чӣ зудтар моро ба Ватан баранд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |