Бахшҳо
29 ноя 2014 11:51Ҳуқуқи инсон

"Маро занам мезанад" (ВИДЕО)

Ганҷинаи ГАНҶ

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ин охирҳо шикояти мардон аз бадрафтории занҳояшон назар ба солҳои гузашта бештар шудааст.

Бар пояи иттилои расмӣ, агар дар давоми чор соли пеш, танҳо 50 мард барои хушунат шуданашон аз тарафи занҳо шикоят бурда бошанд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 32 мард барои хушунат шудан аз ҷониби занҳо шикоят бурдаанд. Баҳриддин, сокини 56-солаи шаҳри Душанбе аз зумраи мардҳоест, ки ду моҳе қабл барои зери хушунат қарор гирифтанаш аз ҷониби завҷааш ба додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт шикоят бурдааст. Баҳриддин, рӯзи ҷумъаи 28-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳиби 3 писар буда, ҳамсараш 45 сол дорад. Ба нақли ин мард, ӯ ду сол инҷониб аз ҷониби занаш зиёд таҳқир мешавад. Ҳамсараш ӯро ба хона роҳ намедиҳад. Бинобар ин, вай бо бурдани шикоят ба мақомот аз болои занаш, “ҳуқуқҳо”-и худро дар хона дубора барқарор кардааст.

Баҳриддин усто шуда кор мекунад ва мегӯяд, даромадаш ҳам чандон бад нест, чун моҳона то наздики 2 ҳазор сомонӣ маблағ дарёфт мекунад. Ба гуфтаи ин мард, қаблан онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекарданд ва ҳаёти орому осудае доштанд. Аммо пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе дар ҳамсоягии хонаи хушдоман, зиндагиаш хароб шуд. Вай мегӯяд, зери фишори ҳамсару хушдоману хоҳарарӯсаш монд ва рӯзаш сиёҳ шуд. Аз рӯи фишорҳои ҳамсараш чунин менамояд, ки ӯ мехоҳад аз шавҳар ҷудо шуда, хонаи бо пули ҳамсар харидаро азхуд кунад.

Вай мегӯяд: “Аз ҷониби ҳамсарам мавриди латукӯб қарор нагирифтаам, аммо ҳамеша мавриди фишорҳои равонӣ қарор мегирам. Доим "ин хонаи ту нест баромада рав", мегӯянд. Дашномҳои қабеҳ медиҳад. Вақте аз кор бармегардам, дари хонаро намекушоянд ва соатҳо пушти дар мемонам. Ин корашон маро то ба ҳадде расонд, ки мехостам даст ба худкушӣ занам. Аммо як ҳамсояи наздикамон маслиҳат дод, ки ба мақомот муроҷиат кунам”.

Ба нақли Баҳриддин, ӯ борҳо аз тарафи бародарони занаш латукӯб шудааст. Вай бо алам мегӯяд, дар дохили хона як маротиба аз ҷониби бародарони занаш ба қавле “шатта” хӯрдааст, вале маротибаи дигар, ки дар назди бино қарор доштанд, ҳамсоя ӯро аз лату куби бародарони занаш наҷот додааст.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки шарм медорад аз хушунат шуданаш ба мақомот шикоят барад, марди 43-сола буда, мегӯяд ду духтар ва се писар дорад. Ботирхон Исмоилов, сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир дар ҷое кор намекунад. Ӯ қаблан дар яке аз бозорҳои шаҳр аробакашӣ мекард, вале бо иллатӣ пайдо шуданри дарди камар дигар имкони анҷоми корҳои вазнинро надорад. Ӯ мегӯяд, ягон ихтисоси дигаре надорад, ки кор карда худро аз ҷаҳолати занаш халос кунад.

Азбаски ҷангу ҷанҷолҳои ҳамсари Ботирхон бештар ба хотири вазъи бади молӣ дар хонаводааш аст, мегӯяд, дар авҷи ҷанҷолу харшаха бонуи хона худро дошта натавониста, ҳар чизе дар наздаш бошад, бар сараш ҳаво медиҳад. Ботирхон мегӯяд, борҳо аз гиребонам гирифта, муносибати зишт карда ва чанд маротиба аз қаҳри он, ки "ту пул намеорӣ", пиёла ё косаи дар пешаш бударо ба сараш ҳаво додааст. Дар пайи ин хушунати ҳамсараш, Ботирхон аз ноҳияи сараш зарби сахт хӯрдааст.

Таҳлилгарону ҷомеашиносон низ мегӯяд, яке аз сабабҳои аслии хушунат шудани мардҳо аз ҷониби занҳо вазъи бади иқтисодист. Марҳабо Зунунова, ҷомеашинос ва раҳбари ташкилоти “Никоҳ ва оила”, рӯзи 28-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бекорӣ, бепулӣ, маоши кам ва гаронии нархи маҳсулот дар бозор, дар баъзе хонаводаҳо боиси хушунат шудани мардҳо аз ҷониби занҳо мегардад.

Вай мегӯяд, бахусус хушунати равонӣ аз ҷониби занҳо ба мардҳо аз сабаби вазъи бади иқтисодӣ аст: “Аксари занҳо аз мард талаб мекунанд, ки хостаҳои онҳоро бароварда кунад. Вақте мард кор намекунад ё ҷои кори хуб надорад, албатта ин боиси асабонияти занҳо мешавад. Аммо мардҳо низ на ҳамеша имкон доранд, ки талаботи занро қонеъ кунанд. Зеро пайдо кардани кори хуб ё даромади зиёд мушкил аст”.



Масъулони дигар созмонҳои ҷамъиятӣ низ инро тасдиқ мекунанд, ки баҳсҳои пуливу молӣ низ боиси афзоиши ҷанҷолҳои хонаводагӣ мешавад ва дар чунин ҳолат, агар мавқеи зан беҳтар ва мустаҳкамтар бошад, ҷаҳлашро ба шавҳар мерезад.

Хабари афзоиши ҳодисаҳои хушунат шудани мардҳо аз ҷониби занҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки умдатан дар хонаводаҳо занҳо қурбони бадрафториву азият мебошанд. Тибқи омори 9 моҳи соли ҷорӣ, ҳар рӯз 25 нафар қурбони хушунат мешавад ва 5 нафари онҳо мардҳоянд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)