Бахшҳо
12 янв 2015 11:51Ҳуқуқи инсон

Ҳар рӯз 40 зан тӯъмаи хушунат мешавад

Ганҷинаи ГАНҶ

Дар соли 2014 беш аз 15 000 зан барои ташхиси осори зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои ташхиси тиббию додгоҳии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Аммо шумори занҳое, ки санади ташхис дар даст ба додгоҳ рафтаанд, ангуштшумор будааст.


Мавлуда, як сокини 36-солаи шаҳри Душанбе, ҳарчанд бори сеюм мавриди латту кӯби шадиди шавҳараш қарор гирифт, мегӯяд, ки ба хотири ҳифзи хонаводааш ба додгоҳ шикоят набурдааст.

Мавлуда ҳоло дар яке аз беморхонаҳои пойтахт бистарист ва рӯзи 11-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асари латту кӯб бачадонаш осеби сахт дидааст ва табибони маркази ташхиси таббӣ-додгоҳӣ дар хулосаашон гуфтаанд, ки эҳтимол дигар ҳомила нашавад: “Ҳомила будам. Чун дар шикамам бо шатта зад, аз ҳуш рафтам. Вақте ба ҳуш омадам, худро дар беморхона дидам.” Мусоҳиби мо иллати латукӯбро дар моҷаро бо хоҳарарӯсаш мебинад ва мегӯяд, шавҳараш тарафи хоҳарашро гирифт. Мавлуда мегӯяд, акнун хулосаи ташхиси судиро дар даст дорад ва дар сурати боз ба сараш мушт бардоштани шавҳар ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд, яъне, ба хотири ҳифзи хонавода ба ӯ боз як шонси ислоҳ шуданро медиҳад.

Ҷӯрахон, шавҳари Мавлуда, мегӯяд, қабл аз он ки занашро латту кӯб кунад, чанд бор огоҳаш кардааст, ки ҷанҷолу хархашаро бас кунанд. Ба гуфтаи ӯ, наметавонист ба сари хоҳараш даст бардорад, зеро ӯ меҳмон буд. Ҷӯрахон иқрор мекунад, ки дар сари қаҳру ғазаб натавонистааст худро нигоҳ дорад. Шавҳари Мавлуда мегӯяд, аз ин кораш пушаймон аст, аммо мутмаин аст, ки сабабгори асосии моҷаро ҳамсараш буд. Ҷӯрахон ҳамчунин гуфт, агар занаш ба додгоҳ шикоят барад, бидуни чуну чаро аз ӯ ҷудо мешавад.

Масъулони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию додгоҳӣ низ мегӯянд, занҳое, ки баъд аз моҷароҳои хонаводагӣ аз ташхиси судӣ мегузаранд, аммо ба ҷое шикоят намебаранд, хело зиёданд. Ҳатто онҳое, ки на аз сӯи шавҳар, балки аз сӯи хушдоману пайвандаони шавҳарашон шиканҷа мешаванд, ташхиси тиббиро фақат барои рӯзи “мабодо” ваё ҳушдор додан ба онҳо анҷом медиҳанд. Яҳёҷон Одинаев, раиси Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию додгоҳӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи барномаи ҷилавгири аз хушунати хонаводагӣ занҳое, ки дар хона мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд, ройгон ташхиси судӣ мешавад. Ӯ меафзояд, агар чанд соли пеш занҳо фақат бо роҳхати мақомоти интизомӣ метавонистанд ташхиси тиббӣ анҷом диҳанд, ҳоло онҳо имкони бидуни роҳхат ташхис шуданро доранд.

Яҳёҷон Одинаев мегӯяд: “Занҳо ташхиси тиббию судӣ анҷом медиҳанд, вале ба милиса хабар намедиҳанд, ки шиканҷа шудаанд. Хулосаи тиббию судиро пеши худ нигоҳ медоранд. Ба шавҳаронашон мегӯянд, дар сурати такроран латукӯб карданашон ташхисро ба додгоҳ пешниҳод мекунанд.”

Фазилат Саидова, ташхисгари Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию додгоҳӣ мегӯяд, ки ба онҳо занҳои гуногун, ҳатто занҳои мансабдор ҳам муроҷиат мекунанд. Аммо ба қавли хонум Саидова, асосан занҳои хонашин хушунат мешавад: “Сабабҳои латту кӯб шудани занҳо гуногун аст. Ҳатто ҳолатҳое низ ҳастанд, ки мардҳо занро сабабгори бемор шудани фарзанд номида, мекӯбанд. Чаро хӯрокат сари вақт омода нест? гуфта мезананд. Баъзе ҳолатҳо як чизҳое баҳонаи латукӯби занҳо мешаванд, ки арзише надоранд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки шавҳар нест ва хушдоман келинро мавриди шиканҷа қарор медиҳад.” Ба қавли Фазилат Саидова, занҳои озордида барои ташхис пеши ӯ бештар меоянд, зеро занҳо мушкилашонро фақат ба занҳо ошкоро мегӯянд.

Дар ҳамин ҳол, бархе мардҳо мегӯянд, ки ройгон будани ташхиси тиббию додгоҳиии занҳои хушунатшуда ба як василаи таҳдид ба мардҳо табдил шудааст. Вале Юсуф Муҳаммадзода, раҳбари созмони ҷамъиятии «Рушд» дар Хатлон, мегӯяд, вақте мард ба иззати нафси зан мерасад ва ӯро мезанад, дигар роҳи занро чизе гирифта наметавонад. Ташхиси тиббию судӣ хоҳ ройгон бошад,хоҳ пулакӣ ҳатман онро анҷом медиҳанд. Вале бо далели он ки мардҳо ба додгоҳ шикоят бурдани занро қабул надоранд, занҳо аз бурдани шикоят худдорӣ мекунанд. Онҳо медонанд, ки агар ба додгоҳ шикоят баранд, мард дигар бо вай зиндагӣ намекунад.

Дар бештари маворид мардҳо намехоҳанд муносибати онҳо миёни мардум ошкор шавад: “Занҳо бисёр хотирбин ҳастанд. Онҳо ба хотири аз ҳам напошидани хонаводаашон гуноҳи мардро зуд мебахшанд. Хусусан агар фарзанд дошта бошанд. Маъмул нест барои занҳо, ки шавҳарро ба додгоҳ кашанд. Арзишҳои оилавӣ барояшон болотар аз ҳама чиз аст. Аксари он занҳое, ки аз болои шавҳар шикоят мебаранд, заноҳеянд, ки дигар нияти бо ин шавҳар зиндагӣ карданро надоранд.”

Хоҳ зан аз болои мард шикоят мебарад ва ё хоҳ мард аз болои зан, дар ҳарду ҳолат робитаи онҳо сардтару печидатар мешавад ва на беҳтар, -мегӯяд Юсуф Муҳаммадзода.

Бар пояи омори расмӣ, дар соли 2014 наздики 32 ҳазор ташхиси тиббию додгоҳии латукӯби шаҳрвандон сурат гирифтааст. Беш аз 15 ҳазори онро ташхиси занҳое ташкил медиҳад, ки баъд аз зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои тиббиву додгоҳӣ муроҷиат кардаанд. Яъне ҳар рӯз беш аз 40 зан дар Тоҷикистон мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегирад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)