“Самимонатарин таманниёт”-и Эмомалӣ Раҳмон ба Серҷо Маттарелла
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2 феврал бо ирсоли як нома Серҷо Маттарелларо ба муносибати ба курсии президенти Италия нишастанаш табрик кардааст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Италия интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ орзу намоям”.
Манбаъ мегӯяд, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон инчунин гуфта мешавад, Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла бо Италия ҳавасманд аст: “Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |