Бахшҳо

Хабари 20 соат беҳушии Каримов дар арафаи 77-солагӣ

Торнамои Ҳаракати мардумии Узбакистон, ки аз сӯи мухолифини ҳукумати феълии ин кишвар таъсис ёфтааст, менависад, раисиҷумҳур Ислом Каримов беш аз 20 соат дар ҳолати беҳушӣ ё худ кома будааст.

Тибқи иттилои торнамои расмии Ҳаракати мардумии Узбакистон, ки фошкунандаи асосии асрори долонҳои ҳукумати Каримов арзёбӣ мешавад, раисиҷумҳури Узбакистон тақрибан соати 20:30 дақиқаи 28-уми январ зимни хӯрдани ғизои шом дар Кохи Куксарой беҳуш шуда, афтидааст: “Дар пайи ироаи кӯмаки фаврии тиббӣ, ҳайати табибони Беморхонаи марказии Узбакистон низ ба Кохи Куксарой даъват шуданд.”

Манбаъ мегӯяд, ба хотири огаҳӣ аз вазъи саломатии раисҷумҳури Узбакистон фавран Иноятов Р- раиси Кумитаи амнияти миллӣ, Мирзоеф Ш.- сарвазир ва Тоҳирӣ М.- раиси Хадамоти амнияти президенти ин кишвар ба Кохи Куксарой ҳозир шудаанд: “Ниҳоят соати 17:00-и рӯзи 29-уми январ Ислом Каримов ба худ омадааст.”

Ҳаракати мардумии Узбакистон мегӯяд, табобати Каримов рӯзи 30-юми январ, ки мавлудаш аст, идома ёфтааст ва ӯ ба кор нарафтааст.

Ислом Каримов, ки 30-юми январ ба синни 77-солагӣ расид, аз соли 1989 курсии раҳбарии Узбакистонро дар даст дорад ва бори дигар номзадии худро барои соҳиб шудани ин мақом барои як давраи дигар пешниҳод кардааст. Ӯ бори охир соли 2007 ба муҳлати 7 сол ба ин симмат интихоб гардида буд.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.
Мӯҳр
в
Ин ба осони чон намедихад. Хамаи диктаторхо то кариб 100 солагира умр мебинанд.

дил
агар дили сунъи хам дошта бошад, мухлати истифодаи худро дорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)