АКС: Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло”
Додситонии Русия имрӯз, 2 феврал бо нашри як иттилоия аз маҳкумияти бародар ва наздикони Алимурод Маханов, маъруф бо лақаби “Устод Муродулло” дар вилояти Хабаровск хабар дод.
Ба иттилои манбаъ сар аз имрӯз ҳукми додгоҳ алайҳи се шаҳрванди Тоҷикистон -- Абдукарим Сатторов, Маҳмадсолеҳ Маханов ва Алишер Давлатов ҳукми қонунӣ гирифт. Тибқи қарори додгоҳи Хабаровск, ки ахиран Додгоҳи олии Русия низ онро бетағйир гузошт, Абдукарим Сатторов ба 4 солу 2 моҳ, Маҳсмадсолеҳ Маханов ва Алишер Давлатов ба 4 солу се моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд. Ба иттилои додситонии Русия исбот шудааст, ки маҳкумшудаҳо узви Ҳизби исломии Туркистон буда, дар марказҳои махсуси Покистон таълим гирифтанд: “Тафтишот муайян кард, ки онҳо дар Хабаровск ба ҷалби ҷавонони дигар ба созмону ҳаракатҳои террористӣ машғул шуда, онҳоро ба марказҳои махсуси террористӣ равон мекардаанд.”
Маҳмадсолеҳ Маханов бародари Алимурод Маханов, бо лақаби “Устод Муродулло” мебошад, ки бо чанд тан аз ҳамроҳонаш дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи Алимурод Маханов дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.
Аммо зимни мурофиаи судӣ ин гуфтаҳояшро рад карда, изҳор дошт, ки тамоми айбҳоро таҳти фишор ба дӯш гирифт. Бо вуҷуд Додгоҳи Олии Тоҷикистон Алимурод Махановро ба 21,5 сол маҳкум кард. Наздикони Маханов ин ҳукми додгоҳро ноодилона арзёбӣ карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |