Шабакаи аввал 40 дақиқа вақти худро дар ихтиёри Кабирӣ мегузорад
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавассути Шабакаи аввали телевизиони давлатии кишвар барномаи интихоботии ҳизбашро муаррифӣ хоҳад кард.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ рӯзи 2 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Муҳиддин Кабирӣ зимни ин барнома ҳуҳуди 40 дақиқа дар бораи барномаи интихоботии ҳизбаш ҳарф мезанад. Ба гуфтаи сухангӯи раиси ҲНИТ, барномаи мазкур шоми 3 феврал соати 19:25 дақиқа оғоз мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсии кишвар, ки барои иштирок дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон расман ба қайд гирифта шудаанд, ба хотири муаррифии барномаҳо тавассути шабакаҳои давлатии телевизион 40 дақиқа вақт додааст. Номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ бошанд, 20 дақиқа фурсат доранд, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.
То кунун Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон барномаҳои худро тавассути Шабакаи аввали телевизион муаррифӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |