Таъйини 11 мушовир ба муовини аввали Абдуллоҳ
Барои Муҳаммадхон Раҳмонӣ, муовини аввали доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар бахшҳои гуногун 11 мушовир таъйин шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати иҷроии Афғонистон, ин мушовирон бо дархости Раҳмонӣ ва қарори доктор Абдуллоҳ таъйин шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Муҳаммадзоҳир Азиз - мушовири сиёсӣ ва умури байналмилалӣ, Муҳаммадҳалим Танвир - мушовир дар умури фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, Абдулҷаббор - мушовир дар умури ҳуқуқӣ ва парлумонӣ, Наҷиюллоҳ - мушовир оид ба корҳои дин, Сафиаллоҳ - мушовир дар умури фарҳангӣ ва расонаҳо таъйин шудаанд.
Инчунин таъкид шуда, ки Сайфуддин ва Муҳаммадсурур ба унвони мушовир дар умури қавму қабилаҳо, Абдулманнон - мушовири амниятӣ, Абдуссабур - мушовири оид ба корҳои ҳукуматдорӣ ва Асадуллоҳ ба ҳайси умури инкишофӣ ва иқтисодӣ интихоб гардидаанд.
Таъйини 11 мушовир барои як мансабдори афғон чизи наве нест, ба иттилои баъзе аз расонаҳо, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар давраи риёсати худ 110 мушовир доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |