Вазир Раҳимзода дигар бе “сопровожден” мегардад
Сокинони Душанбе мегӯянд, мошини хидматии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистонро зимни ҳаракат дар Душанбе мошини дигари гуселкунанда вақтҳои охир ҳамроҳӣ намекунад.
Ба гуфтаи шоҳидон ин ҳолат тайи ҳафтаҳои охир ба мушоҳида мерасад. Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди мошини гуселкунандааш гуфт, агар он мояи халалдоршавӣ ва асабонияти мардум бошад, омода аст, аз он даст кашад. Вазири умури дохилӣ 17-уми январи соли равон зарурати мошини пулисро, ки зимни ҳаракат дар Душанбе мошини хидматии ӯро ҳамроҳӣ мекунад, шарҳ дода, гуфт, “худ медонед, ки корҳои фаврию таъҷилӣ ниҳоят зиёд аст. Он барои як ҷо гуселондан, аз “пробка” ҳо барорвардан ва ҳар чӣ зудтар рафта, корамонро иҷро кардан аст. Ҳар чӣ беҳтар барои тинҷиву амонӣ хидмат кунем. Ба назарам зарар надорад ва ин аз замони Шӯравӣ дар тамоми дунё буд. Ин проблема нест, вале агар ин бисёр асабонӣ карда бошад, аз ҳамин рӯз дигар намегирам."
Ин суолро “Озодагон” баъди он ироа кард, ки қаблан мошини гуселкунанда дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, талаботи чароғаки роҳнаморо сарфи назар карда, барои мошини хидматии вазир ба сӯи варзишгоҳи “Спартак” роҳ кушод. Вазир ба варзишгоҳ барои иштирок дар бозии футбол шитоб дошт, ки миёни кормандони Вазорати умури дохилӣ ҷараён дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |