Худкушии як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав
Раёсати умури дохилии вилояти Маскав аз ҳалокати як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон дар ин минтақаи Русия хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистон аз болои пул ба замин сарорез шуда, дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, ин ҳодиса шаби 1 ба 2 феврали соли равон дар ноҳияи Домодедов тахминан соатҳои 20:40 дақиқа рух додааст. Хабаргузорӣ бидуни бурдани ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон навишта, гӯиё дар ҳолати мастӣ қарор доштаву худро аз болои пул ба замин партофтааст.
Раёсати умури дохилии вилояти Маскав тафтишоти қазияро идома медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |