Қоҳира журналисти австралиягии "ал-Ҷазира"-ро раҳо карду мисриҳоро не
Мақомои Миср Петер Грест, хабарнигори Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”-ро, ки ҳамроҳ бо ду ҳамтояш дар шаҳри Қоҳира ба иттиҳоми пахши хабари бардурӯғ боздошт шуда буд, раҳо карда, аз қаламрави ин кишвар берун кардаанд.
Ба иттилои бахши англиси “ал-Ҷазира”, Грест баъд аз 400 рӯзи боздошт ба озодӣ баромада, тақдири ду ҳамтои мисрияш - Муҳаммад Фаҳмию Боҳир Муҳаммад ҳанӯз равшан нест.
Петер Грест, сокини Австралия ва Муҳаммад Фаҳмию Боҳир Муҳаммади мисрӣ, ҳамагӣ хабарнигорони “ал-Ҷазира” мебошанд, ки дар пайи кудетои низомӣ дар Қоҳира ба иттиҳоми паҳни “хабари бардуруғ” ва ҳамдастӣ бо Ҳаракати “Бародарони мусулмон” (Ихвонулмуслимин) боздошт шуда, барои аз 7 то 9 сол зиндонӣ шуданд.
Дар оғози соли нав Додгоҳи Миср эълон дошт, ки парвандаи марбут ба хабарнигорони ал-Ҷазираро аз сар баррасӣ хоҳад кард. Дар ҳоле ки ин шабакаи телевизионӣ мегӯяд, хабарнигорони он ҳеч гуноҳе надоранд ва ҳангоми адои вазифаи касбияшон боздошт шудаанд. Ахиран Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср низ ба ин масъала дахл карда, гуфт, агар замони боздошти ин рӯзноманигорон президент мебуд, онҳоро ба ҷои боздошт ба кишварҳои худ равон мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |