Сафари мақомҳои баландпояи Чин, ИА ва ИМА ба Душанбе
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз сафари баъзе мақомҳои баландпояи Чину Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, Ван Сятао, роҳбарии муовини Раиси Кумитаи рушд ва ислоҳот қарор аст, имрӯз 1 феврал дар доираи як сафари расмии чаҳоррӯза вориди Душанбе шавад.
ВУХ мегӯяд, низ Тайво Клаар, роҳбари сохтори Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 2 феврали соли равон низ ба Душанбе меояд.
Дафтари матбуоти ВУХ афзудааст, ки интизор меравад, 5 феврали соли равон Даниэл Розенблум, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Стивен Фелдштейн, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат низ дар доираи як сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон оянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |