Давлати исломӣ аз таъсиси Шӯрои Хуросон хабар дод
Абу Муҳаммад ал Аданӣ, сухангӯи “Давлати исломӣ” бо нашри як сабти овозӣ аз ташкили шӯрое бо номи “Хуросон” хабар додааст, ки ба гуфтаи ӯ қаламрави кишварҳои Покистон, Афғонистон ва Тоҷикиcтонро дар бар мегирад.
Ӯ дар ин сабт таъкид кардааст, ки Ҳофиз Сайид Хон, фармондеҳи собиқи Толибони Покистон раҳбари “Шӯрои Хуросон” таъин шудааст.
Ал Аднанӣ дар паёми худ аз ҷангиёни Афғонистон ва Покистон дархост кардааст, ки ба раҳбарони “Шӯрои Хуросон” вафодор бошанд. “Мо аз ҳамаи сарбозони давлати исломӣ дар Хуросон мехоҳем , ки ба валӣ Ҳофиз Сайид Хон ва ҷонишинонаш итоат кунанд ва барои ранҷи бузурге, ки онҳоро интизор аст, омода бошанд. Дар муқобили шумо гуруҳҳои зиёде ҷамъ мешаванд ва туфангу найзаҳо дар муқобили шумо дучанд мешаванд. Вале шумо тавони истодагӣ доред, бо хости Худо” - гуфтааст Ал Аднанӣ.
Дар изҳороти Аднанӣ ҳамчунин омадааст, ки “Давлати исломӣ” барои тавсеа додани ҳузури худ дар Осиёи ҷанубӣ бо тамаркузи хос дар Афғонистон ва Покистон ҷиддӣ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |