Маскав интиқоли низомиёнро аз Тоҷикистон ба Украина рад кард
Вазорати мудофиаи Русия интиқоли беш аз 3 ҳазор низомии пойгоҳи 201-ро аз Тоҷикистон ба сарҳади Украина рад кард.
Ярослав Рашупкин, намояндаи ҳавзаи ҳарбии марказии Русия, ки пойгоҳи 201 дар тобеияти он аст, изҳор доштааст, ки “ин хабар бофта буда, ба воқеият рост намеояд.”
Қаблан оҷонсии “Тоҷнюс” аз қавли манбаи муътамадаш изҳор дошт, ки интиқоли ҳудуди 3 ҳазор низомӣ аз пойгоҳи 201 ба сарҳади Русия ва Украина дар мулоқоти Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия бо Владимир Затруднитский, фармондеҳи нерӯҳои низомии ҳавзаи марказии Русия ва фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия, Евгений Тубол баррасӣ шудааст. Хабар дода шуд, ки ба ҷои низомиёни интиқолдодашуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ба хидмат ҷалб хоҳанд шуд.
Пойгоҳи 201, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбеи Тоҷикистон мустақар аст, калонтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷи ин кишвар арзёбӣ шуда, беш аз 7 ҳазор нафарро фаро мегирад. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳ ба ин пойгоҳ бештар хоҳад шуд. Қаблан пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо маҷмааи мутаҳаррики тирандозӣ маъруф ба “ПСО-Р”, дастгоҳи мушакии “Град”, дастгоҳҳои парвозкунанда ё худ ба истиллоҳ “беспилотники”-и навъи “Леер”, “Гранат”, “Застава” ва инчунин “Урал”-ҳои нав таъмин гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |