Куштори хоҳар барои ҳифзи шаъни оила: Пушаймон нестам!
Як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ба гумони "бероҳагӣ ва сабукпоӣ" хоҳари 34-солаашро бо 11 зарби корд ба қатл расондааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Муродҷон Юлдошов, сокини 25-солаи шаҳри Чкалов дар ҳаққи хоҳари худ Дилафруз Юлдошеваи 34-сола бадгумонӣ карда, ӯро дар манзили муваққтияшон дар шаҳри Хуҷанд 11 бор корд мезанад: “Чун қазия дар манзили иҷорагирифтаашон рух додааст, аъзои дигари хонавода дар ҷои ҳодиса ҳузур надоштаанд.”
Манбаъ мегӯяд, Муродҷон Юлдошов зимни тафтишоти пешакӣ изҳор доштааст, ки ин амалро барои ҳифзи шаъну шарафи хонаводааш иҷро кардааст ва аз кардааш пушаймон нест.
Мақомоти пулис изҳор медоранд, ки феълан тафтиши парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |