ҲНИТ: Аз 21 номзад 8 нафараш сабти ном шуд
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар аз сабти ном шудани 8 номзади дигари худ дар ҳавзаҳои интихоботӣ хабар додааст.
Ин ҳизб мегӯяд, аз 21 номзади пешбаришудаи ҲНИТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи 1 марти соли равон 8 номзад то имрӯз аз тарафи Комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо расман сабти ном шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, ин номзадон, Юсупов Зайниддин аз ҳавзаи Фархор №34, Саидиброҳими Назар аз ҳавзаи Кӯлоб №37, Файзраҳмонов Маҳмудҷон аз ҳавзаи Қумсангир №33, Бегов Қамариддин аз ҳавзаи Ҷомӣ №28, Авазов Қиёмиддин аз ҳавзаи Вахш №32, Шарипов Нӯъмон аз ҳавзаи Исфара №20, Абдуқаҳҳори Давлат аз ҳавзаи Румӣ №30, Раҷабов Аббос аз ҳавзаи Мастчоҳ №18 мебошанд.
Манбаъ афзуда, ки сабти номи номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба вакилии МН идома дошта, интизор меравад, 13 номзади дигари ҲНИТ низ дар рӯзҳои наздик сабти ном шаванд. Аз ин пеш, 27 номзади ҲНИТ аз руйхати ҳизбӣ сабти ном шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |