Додситони навтаъин: Мардуми тоҷик метавонад, осуда хоб кунад
Юсуф Раҳмонов, ки ҳафтае пеш ба ҷои Шерхон Салимзода, додситони генералии Тоҷикистон таъин гардид, имрӯз, 30-юми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, мардуми кишвар метавонанд, осуда хоб кунанд, чун мақомоти тоҷик тавони истодагарӣ бар зидди таҳдидҳо ба оромии кишварро доранд.
Раҳмонов, ки дар гузашта ба ҳайси Сарпрокурори низомӣ низ кор кардааст дар шарҳи сарусадо оиди ҷангиёни исломӣ, ки гӯиё дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанду "баҳори гарм" ташкил карданиянд, қатъиян таъкид намуд, ки артиши тоҷик ҳар ҳуҷуму таҷовузгарро, аз кадом тарафе набошад, бозпас хоҳад гардонд: “Мардуми Тоҷикистон метавонанд, осуда хоб кунад.”
Дар мавриди таҷаммӯи ҷангиён дар Афғонистон додситони генералии нави Тоҷикистон илова кард, ки дар ин кишвар солиёни зиёд ҷанг аст ва агар таҷаммӯе ҳам бошад, омада боз мераванд: “Мардум осуда бошанд, ягон замина барои ташвиш вуҷуд надорад.”
ВИДЕОИ суҳбати Раҳмонов дар бораи хатарҳо
Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон чанде қабл дар посух ба суоли “Озодагон” иттилоъ дар бораи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикиҳои сарҳад ва таҳдиди “баҳори гарм” ба кишварро тасдиқ кард: “Воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад. Дар пайи амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон онҳо ба наздикиҳои сарҳад ҳаракат доранд.”
Ӯ гуфт, дар ҳайати ин ҷангҷӯён аъзои созмонҳои гунонуни террористӣ, аз қабили Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон қарор доранд: “Мо ҳар гуна иттилоъро дарёфт карда истодаем ва бо мурури дарёфти иттилоъ чораандешӣ мекунем. Баъди дарёфти иттилоъ доир ба хатарҳо аз Афғонистон хидмати низомиёни тоҷик ба низоми пурзӯр гузаронда шудааст. Чораандешӣ карда истодаем, баъзе гуруҳҳоро аллакай боздошт кардаем.”
Аз ин пештар Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз таҷаммӯи беш аз 4 ҳазор ҷангҷӯй дар сарҳади Тоҷикистон хабар дода, аз таҳдиди “баҳори гарм” дар Осиёи Марказӣ суҳбат карда буд: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”
Аммо Мир Наим Ҳайдарӣ, фармондеҳи хадамоти марзбонии шимоли Афғонистон таҷаммӯи ҷангҷӯёни исломиро дар назди сарҳад бо Тоҷикистон рад кардааст. Ҳайдарӣ дар шарҳи изҳороти мансабдорони воломақоми Тоҷикистону Русия оид ба таҷаммӯи ҷангҷӯён дар назди сарҳад бо Осиёи Миёна ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ин изҳорот асос надоранд. Ӯ таъкид намудааст, ниҳоди зертобеяш ният дорад, бо мақомоти Осиёи Марказӣ табодули иттилои фавриро ба роҳ монад. Вай афзудааст, ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар дошта, бо ҳамтоёнаш масъалаи табодули иттилоъ ва баргардондани марзбонони рабудашудаи тоҷикро баррасӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |