Боздошти ду корманди “Барқи тоҷик” барои қаллобӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди ширкати “Барқи тоҷик” бо иттиҳоми қаллобӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Парвиз Одинаев, нозири корҳои хоҷагидории ширкат ва Сиёвуш Маҷидов, нигаҳбони даромадгоҳи “Барқи тоҷик” бо маслиҳати пешакӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт нерӯи барқ дар ду ҳолат аз шаҳрванд Шарифов. А дар ҳаҷми беш аз 500 доллари амрикоӣ маблағ талаб намудаанд.
Манбаъ мегӯяд, моҳи ноябри соли 2014, Шарифов А.Т. бо мақсади ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт қувваи барқ, барои эҳтиёҷоти дуконаш ба “Барқи тоҷик” омада ба нигаҳбони даромадгоҳи он Сиёвуш Маҷидов муроҷиат намудааст: “Сиёвуш Маҷидов ва Парвиз Одинаев бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ барои ҳуҷҷатгузории 15 квт қувваи барқ, ки барои эҳтиёҷоти дукони Шарифов зарур будааст, ӯро гумроҳ намуда, аз ӯ 400 доллари амрикоиву 300 сомонӣ мегиранд”.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, ин афрод 26 январи соли 2015 аз Шарифов 100 доллари амрикоӣ талаб намудаанд. Дар пайи муроҷиати Шарифов кормандони Оҷонсӣ рӯзи 27 январи соли 2015 баъди гирифтани 100 доллари амрикоӣ Парвиз Одинаевро дастгир кардаанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, нисбати ин ду корманди ширкати “Барқи тоҷик” парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в,г”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |