Даъвати Абдулқодирзода барои истифодаи беғараз аз дини Ислом
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон сокинони кишварро ба истифодаи беғаразу холисонаи дини мубини Ислом даъват кард.
Абдулқодирзода рӯзи 30 январ дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “Ислом дине аст, ки агар мақсадноку беғараз ва софдилонаву холисона истифода шавад, шахсро саодатмандтарин инсон ва малоикаи рӯи замин мекунад.”
Ба гуфтаи ӯ, агар дин аз рӯи ғараз истифода шавад, ба як заҳри кушанда табдил ва боиси хунрезию таркишҳо хоҳад шуд. Даъват барои истифодаи беғаразонаи дин аз сӯи раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ӯ дар як суҳбати худ бо сокинони минтақаи Кӯлоб аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хоста буд, дар таблиғоти интихоботии худ аз боварҳои динии мардум сӯистифода накунад. Ӯ гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт.
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар идомаи хутба ба шарҳи омилҳои даст ба танфурӯшӣ задани занону духтарони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пардохта, гуфт, он солҳо бонувон барои раҳоӣ аз гуруснагию марг фоҳишагӣ мекарданд: “Дар ҳамон нооромӣ зеботарин духтарҳо барои раҳоӣ аз ҳалокат ба кӯчаҳо баромада, танфурӯшӣ мекарданд.”
Ӯ сулҳу субот ва оромиро неъмати бузурги илоҳӣ дониста, аз сокинон хост, ба қадри сулҳу суботи Тоҷикистон бирасанд. Раиси Маркази исломӣ афзуд, “Худо шоҳид ҳаст, ҳашт соле дар хориҷ таҳсил доштаму ҳоло сафарҳо мекунам, мебинам, ки ҳар кишваре ноором аст, бо сокинони онҳо дар берун мисли ҳайвон муносибат мекунанд. Ватани ором надоранду сафорати сиёсатдор, ки аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунад, ба мисли як ҳайвон бо онҳо муносибат мекунанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |