Ёрдамчии Президент барканории Салимзодаро шарҳ дод (ВИДЕО)
Хурсанмурод Мирзоев, мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масоили ҳуқуқӣ имрӯз, 30-юми январ зимни нишасти матбуотӣ барканории Шерхон Салимзодаро аз симмати прокурори генералии Тоҷикистон шарҳ дод.
Мирзоев изҳор дошт, дар робита ба барканории Салимзода дар ҷомеа ва расонаҳо сарусадоҳо хеле зиёданд: “Ин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки ин ваколати президенти Тоҷикистон аст. Тибқи қонун бо розигии парлумон прокурори генералӣ ба муҳлати 5 сол таъин мешавад. Салимзода тайи 5 сол фаъолият карданд. Ин ваколати президенти Точикистон аст, метавонистанд, барои муҳлати дуюм Салимзодаро таъин кунанд, аммо президент чунин қарор карданд, ки прокурори генералии Тоҷикистон шахси дигар, яъен Юсуф Раҳмонов таъин карда шавад.”
ВИДЕОИ суҳбати Мирзоев дар мавриди барканории Салимзода
Шерхон Салимзода, ки аз 30 январи соли 2010 прокурори генералии Тоҷикистон буд, 24-уми январ аз симматаш барканор шуда, курсияш ба ихтиёри Юсуф Раҳмонов гузошта шуд, ки ба ҳайси муовини аввали раиси Дастгоҳи раисиҷумҳур фаъолият мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |