Ба «Озодагон» аз Институти «Ҷомеаи Кушода» - «Бунёди Мадад», ки созмондиҳандаи семинар аст гуфтанд, ин давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Иштироки шаҳрвандон дар равандҳои буҷавӣ, шаффофияти буҷа”-и барномаи «Худидораи маҳаллӣ» баргузор мешавад.
Ошно кардани журналистон бо равандҳои таъмини шаффофияти буҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ аз ҳадафҳои аслии чорабинии мазкур унвон мешавад. Ҳамчунин ҳангоми тренинг журналистон механизмҳои ҷалби шаҳрвандонро дар раванди буҷа ва таъмини шаффофияти буҷаи давлатӣ меомӯзанд.
Ахмат Мадеюев ва Любов Тен, коршиносони Маркази технологияҳои ҷамъиятии Қирғизистон ба сифати тренер дар ин семинар даъват шудаанд. Барои ширкат дар омӯзиши мазкур журналистоне, ки таҷрибаи инъикоси масоили иқтисодиро доранд, аз шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон даъват шудаанд. Семинар аз 29 то 30 сентябр дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии «Вафо» доир мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |