Бахшҳо

Пешниҳоди мукофот ба наҷотдиҳандагони Юсупов дар Рушон

Як гуруҳ фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод кардаанд, ба ду роҳгузаре, ки дар сардии шоми 5-уми январи соли равон ронандаи мошини боркашро аз миёни дарёи Панҷ дар ноҳияи Рушон наҷот додаанд, мукофоти давлатӣ тақдим гардад.

Ба иттилои манбаъ, ҷавонони роҳгузаре, ки шоми 5-уми январи соли равон дар мавзеи Пастхуфи ноҳияи Рушон, Юсупов Бахтиёр, сокини шаҳри Душанберо аз миёни дарёи Панҷ наҷот додаанд, Пулодов Ғолиб Тоҳирович ва Мавлоназаров Ораз Ақназарович, сокинони шаҳри Хоруғ будаанд.

Худи Юсупов қазияро чунин шарҳ додааст: “Тахмин соати 17:00-и 5-уми январ бар асари садамаи нақлиётӣ бо мошини калонҳачми "ФУРА" ба рӯди Панҷ сарозер шудам. Устухони поям лат хӯрда, дар мобайни дарьё тамоми либосхоям ях кард. Маҷоли баромадан надоштам, ки дар ин вақт мошини "МЕРСЕДЕС" аз самти шаҳри Хоруғ омада, ронанда бо хамроҳаш дукаса ҳудро ба дарёи ниҳоят хунук партофта, маро ба соҳил бароварданд. Бо корд либосҳоямро, ки аллакай ях карда буданд, бурида, либосҳои худро дода ба деҳаи наздиктарин - Пастхуф бурданд.”

Юсупов мегӯяд, дар маркази ноҳияи Рушон табобат гирифтааст ва афзудааст, ки як умр пеши ин роҳгузароне, ки дар сардию торикӣ бетарафӣ зоҳир накардаанд, қарздор хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол фаъолони Фейсбук изҳор медоранд, ки барои тарғиби чунин аъмол миёни ҷавонон ва ҳавасманд кардани шаҳрвандон барои кӯмак ба ҳамдигар ба ҷавонони роҳгузар мукофоти давлатӣ пешниҳод карда шавад, чун ин таҷриба дар кишварҳои дигар низ ба таври густурда амалӣ карда мешавад.


Акс аз фейсбук: Ораз Мавлоназаров
Мӯҳр
патриот
Офарин ба ин ЧАВОНМАРДОН-и точик

Офарин! Ман низ чонибдори чунин пешниход хастам. Гар дасти фитодае бигири марди! Хуш ба холатон Пулодов Ғолиб Тоҳирович ва Мавлоназаров Ораз Ақназарович, сокинони шаҳри Хоруғ !

Шукур
Бехтарин икдом ман шахсан тарафдор

точик
Зинда бод бадахшонихои шариф ва озодмардони диловар!

Мошо Аллох
Рахм аз Ислом ва имон аст. БЕХТАРИН

Саида
Ман ба харду ин чавонмард ташаккури зиёд гуфта, пеши пои модаре, ки онхоро ба дунё овардааст, сари таъзим фуруд меорам. Худованд подоши ин некихояшонро иллохо баргардонад ва хеч гох хорию зиллатро набинанд.

н
Офарин,Гар дасти фитодае бигири марди,Ман тарафдор

Marhabo
Oraz dorogoy molodez..me gordimsya toboy..

Mavlonazarova
Dar aks Oraz dodari man ast nainki Ozar,,,.nomashro dar poeni matn nodyryst nabisonded Ozodagon..WOW we prosta MOLODZE rebyata...

Изхор
Офарин сад офарин бар Оразу Ғолиб кунед,
Мисли онҳо дар ҷаҳон мардонагӣ ҷолиб кунед.

Икдоми нек,ман тарафдор!

Офарин бачаҳои шермарди Хоруғшаҳр, дар бисёр маврид дар мавриди ҷавонони шаҳри Хоруғ сyханҳои носазо мешyнавем вале шyмо бо рафторy кирдори некатон нишон додед ки ҷавонони барyманд ва ҳақталаби кишвар ҳастед. Раҳмат ба модари ки чyнин фарзандони мусалмони ҳақиқиро ба воя расонданд. Аҳсан бародарон. Хyдо ҳамеша нигаҳбони шyмо ва аҳли оилаи шyмо бошад.

Офарин!!! рахмат ба падартон, чавонмардхои часур будаанд. Хукумат ба ин чавонон хатман бояд мукофоти арзанда дихад.

Асадулло
Пешниходи ман хамин ки маоши яксолаи кормандони холатхои фавкулодаро ба ин дихан агар аз натичаи яксолаи холатхои фавкулода пурсон шавед чунин натича надоранд хурда хобан маошро гирифта

Сокини Бадахшон
Ин чавхари асосии Ислом аст Зеро дар Куръон ёд шудааст, ки хар кас фардеро начот дихад, кулли башариятро начот додааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)