Бахшҳо

Вокуниши А. Саттор, Дустов ва Қаршибоев ба гузориши ТВТ (ВИДЕО)

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иддаои шабакаи авали телевизиони Тоҷикистонро, ки гӯиё журналистону рӯзномаҳои мустақил ба ивази инъом камбудиҳои шаҳрдории Душанберо сарфи назар мекунанд, “гапи подарҳаво ва тарошаи аз бом ғалтидагӣ” хонд.

Акбари Саттор имрӯз, 29-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳафтае нест, ки журналисту рӯзномаҳои мустақил аз камбудиҳои шаҳри Душанбе матолиби интиқодӣ нашр накунанд: “Як бор саҳифаҳои рӯзномаҳоро варақ зананд ва бинанд. Матолиби танқидии созанда хеле зиёданд. Он, ки гӯиё ягона шабакаи аввал дар ин масъалаҳо даст мезанаду рӯзноманигорони мустақил гӯиё қитъаҳои замину хонаҳо гирифта, хомӯшанд асос надорад. Давоми 9 соли охир, ки ҳамчун раиси Иттифоқи журналистон кор мекунам, ҳаминро гуфтаниям, ки ягон инъом аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ягон журналисти мустақил дода наашудааст”.

Раиси Иттифоқи журналистон илова кард, ки танҳо соли 2007 ё 2008 ҳудуди 7 ё 8 журналист, ки дар қатори дигарон, ҳамчун шаҳрванд ба мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат карда буданд, дар баробари дигар шаҳрвандон дар маҳаллаи Ховарон 3 ҳиссагӣ замин гирифтанд: “Дигар журналистон ягон пул, туҳфа ва ё хонаи муфт аз ҷониби шаҳрдорӣ нагирифтаанд. Қаблан аз ҷониби Иттифоқи журналистон ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда будем, ки агар имконият бошад ба журналистон барои хона қарзҳои дарозмуддат дода шавад. Тамоми он нафароне, ки барои тақсимот ва сохтмони хонаҳо дар шаҳри Душанбе машғул ҳастанд, ҷамъ омада, маро даъват карданд ва гуфтанд, ки шаҳрдорӣ наметавонад ва имконият ҳам надорад, ки махсус ба журналистон қитъаҳои заминро диҳад. Инчунин шаҳрдорӣ наметавонад, ки қарзи махсус барои журналистон ҷудо кунад, зеро чунин фондҳо дар Душанбе вуҷуд надоранд”.

Акбари Саттор афзуд, розӣ аст, ки проблемаҳо дар шаҳри Душанбе зиёданд, лекин қабул надорад, вақте рӯзноманигорони мустақилро ба гирифтани инъомҳои шаҳрдории Душанбе муттаҳам мекунанд: “Ман намефаҳмам ин аз кадом сабаб гуфта шудааст. Камбудиро гуфтаанд, кори хуб карданд, аммо номи журналистони мустақилро овардан чӣ зарурат дошт? Монанди тарошаи аз бом афтидагӣ. Мо ҳам журналист ҳастем, дар шабакаи аввал низ аъзои иттифоқи журналистон ҳастанд. Мо эҳтиром мекунем, лекин вақте ки эҳтиром мекунӣ, бояд эҳтиром кунанд. Дидаю дониста ё надониста гӯиё журналистон иъномҳо мегиранд, ин дар доираи ахлоқи журналистӣ нест.”

Саймуддин Дӯстов, раҳбари созмони “Индем”, муассиси рӯзномаи “Нигоҳ”, аз серхонандатарин нашрияҳои мустақил ва оҷонсии “Тоҷнюз” дар шарҳи ин навори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба “Озодагон” чунин гуфт:

Ҳамчун як сокини Душанбе бар он андешаам, ки интиқоди ТВТ аз фаъолиятҳои шаҳрдории Душанбе хуб аст. Воқеъан, дар пойтахт мушкилот зиёданд ва расонаҳо бояд онҳоро бо факту далел инъикос кунанд. Чаро журналистони расонаҳои ҳукуматӣ, ки корашон тарғиботи то ҳадди ифроти фаъолияту сиёсатҳои ҳукумати феълиянд, бояд дар баробари мушкили роҳҳои таъмирнашуда, тамбашавии мошинҳо, кори номуназзами нақлиёти ҷамъиятӣ, хомӯшии вакилони халқ, фасод дар соҳаи сохтмон, нархҳои осмонии манзил, тоблуву овезаҳои забонашон узбакӣ хомӯш бошанд?! Бигзор инъикос созанд. Ва хуб аст, ки шаҳрдории Душанбе ҳам дар баробари интиқоди ВАО вокуниш нишон медиҳад. Боз ҳам хубтар мешавад, агар ТВТ аз фаъолиятҳои ҳукумати феълӣ ва Президент ҳам интиқод кунанд. Ба асоси Сарқонуни кишвар ва тақозои замону зиндагии имрӯза аз ин ба баъд дар муҳити расонаии Тоҷикистон набояд мавзуъҳои табу ҷой дошта бошанд.

Ба ҳайси як сокини Душанбе ва соҳибрасона ман интизор хоҳам буд, ки Асадулло Раҳмонов ва ТВТ ба аҳдашон вафо мекунанду бо баргузории як тадқиқоти журналистӣ ба мавзӯи “Инъомҳои шаҳрдории Душанбе ба журналистони расонаҳои мустақил” рушанӣ меандозанд. Агар ҳамчунин фактҳо мавҷуд бошанд, яъне агар ба касе қитъаҳои замину хона ё чизи дигар дода бошанд, мардуми кишвар, пеш аз ҳама хонандагону истифодабарандагони ВАО-и мустақил ҳуқуқ доранд, ки дар ин бора донанд.

Агар ин гуфтаҳо ҳақиқат надоранд, пас инро низ мардум бояд донанд ва фаҳманд, ки чаро ТВТ ба ин кор даст зад. Шахсан барои ман, боварии хонанда бениҳоят муҳим аст.

Аммо ба ҳайси коршиноси масоили сиёсӣ бар онам, ки мавзеъгириҳои ахири ТВТ холисона ва беғараз нестанд. Чанд барномаи пеш шояд, аммо на барномаҳои ахир, ки дар прайм-тайм пахш шуданд.

Ба гумони ғолиб, ин барномаҳо барои як кас, барои Президент Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудаанд ва тавассути ҳамин гуна мавзеъгирии бебокона Асадулло Раҳмон мехоҳад ба Роҳбари давлат садоқати бемислу монандашро исбот кунад, зеро муддаи ду курсӣ: Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва Ёрдамчии Президент аст, вагарна ба ҳайси як аъзои номенклаутра ҳамчунин муносибат бо шахси дуюми кишварро, ки рискҳои баланди сиёсӣ дорад, ба худ иҷозат намедод: қонунҳои нонавиштаи номенклатураи аҳди Раҳмонро ин гуна корро ба ҳич кас иҷозат намедиҳад.

Дар низоми мавҷуда, барои танқиди сарсарии як раиси ноҳия ва ё шаҳр иҷозати Мушовири давлатӣ оид ба масъалаҳои кадрӣ ва ё худи Президент лозим аст, чӣ расад ба Раиси шаҳри Душанбе ва ё Раиси Маҷлиси Миллӣ ва он ҳам дар арафаи 63-солагӣ. Вале чи ҳам набошад, умедворам ин қазия ҷомеаи мадании Тоҷикистонро ҳушёртар хоҳад кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ гузориши шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро ба “Озодагон” шарҳ дода, гуфт:

Аввалан, дар гузориш ягон журналист ё нашрияи мустақилу хусусӣ ном гирифта нашудааст. Дуввум, дар бораи бенавбат гирифтани қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз ҷониби журналистон ягон факт нест. Гирифтани инъом барои хомушӣ - ин маҳсули тахайюли гузоришгари телевизион аст, ки аз ин амалаш бӯи туҳмат меояд. Бигузор таҳқиқоташро гузаронад, пасон дар ин бора ҳарф занад.

Гузориш муғризона навишта шудааст. Чанд сол аст,ки миёни шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ низое ҳаст, ки боиси пайдо шудани гузоришҳо ва даъвоҳо нисбати онон мегардад. Эҳтимол меравад, ки дар сар задани ин низоъ омили шахсӣ вуҷуд дошта бошад. Ба мақсадҳои шахсӣ истифода бурдани минбари телевизиони давлатӣ, ки аз буҷа маблағгузорӣ мешавад, хилофи ахлоқи журналистӣ аст. Ҳамзамон ба қазияи ду ниҳоди давлатӣ шомил кардани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва хусусӣ аз рӯи инсоф нест.

Ин дар ҳолест, ки ахиран шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш дар барномаи “Ахбор” журналистон ва рӯзномаҳои мустақилро дар “хушомадгӯйӣ” ба роҳбарияти шаҳри Душанбе муттаҳам кардааст:


Мӯҳр
муосир
Бисёр гуфтахои нагз, аммо ман мехохам ки кадом камбудихои конкрети дар расонахои мустакил чой дода шуданд, мисли он ки дигар сохторхоро инъикос мекунанд. Шабакаи якум ба пеш ...

Чи тавр 23 сол мегуед. О раси Кумита солҳои 92 то 96 худ кучо буд. ?

Сарвиноз
Хамкорони азиз ва хабарнигорони рузномахои мустакил ман муаллифи гузориши Шабакаи якум хастам. Шумо ин кадар гавго набардоред як бори дигар ба хамон чумла назар кунед ман " баъзе рузномахо..." гуфтаам. Ин ба хамаи Шумо дахл надорад калимаи "баъзе" гуфтаам асос дорад. Агар даркор шавад "баъзе" гуфтанамро "асоснок" мекунам, ки кадом рузнома ва кадом журналист аст.

Мухтарам Акбар Саттор ва дигар журналистони гуё мустакил. Шумо, ки худ аз фарханг то андозае бохабаред харгиз аз ёд бояд набаровард, ки вокеан хам хакикат талх аст ва онро на хар кас чуръати баён кардан дорад. Имруз Асадулло хак гуфтааст ва дар бало мондааст. ва гуфти Толиби Омули:
Дар кори ин харонам хайрон, ки аз чи хастанд
Кутох аз шунидан бо ин дарозгуши.....

Раис
барои як гузориши ахбори телевизиони аз 40 то 100 сомон манбаи иттилоъ кишоварз, баркчи маорифчи духтур ва гайрахо пардохт мекунанд. мард бошанд ку раиси нохияи Дангараро танкид кунад. биёе як хисоб кунем клани ин нохияро дар вазифахои рохбари, саркардем, Асадулло Рахмон, Ч.Нуралиев ва ва.....

Офарин шабакаи аввал.Хайрият хакикатро гуфтед.Аз таъмири мошинам аллакай ба дод омадам.Бо ин гуна роххо на ягон мошин мемонаду на ягон техника.Гапи хакро задед.Бисер мехостем донем,ки ин кадар маблаг ба кучо мерафта бошад?Аз хама ачоибаш он аст,ки роххое,ки таъмири капитали мебинанду асфалтпуш мешаванд баъд аз чанд муддати кутох боз хароб мегарданду боз таъмирталаб мешаванд.Хамаи мардум медонад,ки дар вакти таъмири роххо асфалти пастсифатро истифода мебаранд,аз ин сабаб роххо зуд хароб мегарданд.Боварии комил дорам,ки агар хучатхоро бардошта бинед, маблаге,ки ба таъмири роххо чудо шудааст маблаги бениход калон мебошад,дар асл бошад маблаг сарф шудаасту ашеву кори кардагиашон ба ин маблаг намеарзад.Дар бораи журналистон хам гуфтаниам,ки дар сахифахои Фейсбук журналистон ба мисли Гулнора Амиршоева,Наргис Рахматшоеву Зафар Абдуллоев факат ба таърифи мири шахр машгуланду халос.

дилсуз
агар харду вазифарае ки Асадулло талабгоршон бошад, якчоя кунан рохбари дастгох шаваду масъалахои кадрира бина максаднок мешава. Бачаи мардак арзанда.

мубораку мубораку боз муборак,таи 23-соли истиклолият ТВТ аввалин бор проблемаи шахрро бардоштааст.Ин журналистони ТВТ шарм намекарда бошанд.барномахошон факат раксу бози асту журналистони мустакилро интикод мекунанд.фикр мекунанд,ки бо ин як барномачаашон проблемахои шахрро гуфтанд?эээ,коллеги коллеги))работать надо по честному)Ба фикрам асадулло рахмон закази вазнин гирифтагияй чи??

Dev
А. Саттор, Дустов ва Қаршибоев magar in vajronaho ,iflosiho, partovho chize ba shumo nameguyad? Shardori az uhdai yak shahraki 800 hazor istikomatkunanda namebaroyad,ohir Dushanbe Ny Yorki 8 mln-a nest , jo Istanbuli 14 mln.-a nest...

.
ТВТ сад фоиз рост гуфтааст. Хатто хамин Озодагон хам аз танкиди Убайдуллоев худдори мекунад.

Гузориши бехтарин талаботхои журноалстика риоя шудааст. Агар муалиф хамон гапи охирашро намегуф хубтар мешуд.

Асадулло
Танки ин кор нагз дар инчо одамон ба мисли твт гап зада истодан як тарафа. Равед дилхо рохо аз Душанбе бо дигар нохияхо рохоро бинед масалан рохи Душанбе айни хисор ва е дигар минтакахо чаро чашм мепущему ба танкид харф мезанем??? Хар кас аз руй худо гап занад. Хамаш мешавад охиста охиста Иншолох рохоам соз мешаваду дигару дигараш. Кадом Шахсе кору рафторро ноадолатона ба чо меорад худо чазоАшро медихад Иншолох. Асадуло рахмон бошад танхо рохои шахро мебинад чунки ба дигар рохо сафар надорад )))))) худашон бояд шарм дошт ба ин корашон.... Боки хамааш нагз аст камбуди аст чавонмардон бошанд соз мешавад.

мухочир
дар хамин 23 солли бо ном истиклолят чикор кардан инаш мондас

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)