Баҳси Белла ва Азимҷон барои Амирҷони 5-сола
Белла Болтебоева, як сокини шаҳри Екатеринбург иддао дорад, ки шавҳари 25-солаи тоҷикаш фарзанди 4 солаашонро бе ризоияти ӯ ба Тоҷикистон бурдааст.
Ба қавли хонум Болтебоева шавҳараш Азимҷон чанд бор писарашон - Амирро ба Тоҷикистон овардааст ва бори охир барнагардондааст. Ӯ, ки дар 17-солагӣ бо Азимҷон хонадор шудааст, изҳор доштаст, ки ҳангоми ҳаёти якҷоя фаҳмидааст, ки онҳо ба оиладорӣ назари фарқкунанда доранд ва ниҳоят аз ҳам ҷудо шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Азимҷон, ки феълан дар Екатеринбург аст, дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ӯ кӯдакро надуздидааст, балки ҳамчун падар фарзандашро ба Ватан бурдааст, зеро дар он ҷо барои кӯдак шароити беҳтар фароҳам аст.
Мақомоти Русия ба дархости Белла Болтебоева барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Азимҷон посухи рад додаанд, чун онҳо расман ҳанӯз ҳам зану шавҳар мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |