Раҳбари Китобхонаи оммавии Хуҷанд раиси Иттифоқи касабаи ВАО шуд
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд Иттифоқи касабаи ВАО-ро таъсис додааст.
Дар ҷаласаи муассисон, Мунаввара Дамонова, раҳбари Китобхонаи оммавии Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷандро якдилона раиси ин Иттифоқ интихоб кардаанд. Хонуми Дамонова дар гузашта дар ТВ “Ҷаҳоноро” фаъолият дошт.
Ин дуюмин кумитаи минтақавии Иттифоқи касабаи ВАО дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Қаблан дар вилояти Хатлон Иттифоқи касабаи ВАО фаъол гардида буд.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар назар аст, ки баъди анҷоми масъалаҳои ташкилии Иттифоқи касабаи ВАО, дар шаҳри Душанбе анҷумани ҷумҳуриявӣ баргузор намоянд. “Муттаҳид намудани ҳамфикрон барои рушди ҳамин соҳа, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолати иҷтимоии онҳо аз ҳадафҳои ин анҷуман хоҳад буд”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |