Бахшҳо

ВИДЕОИ ТВТ: Журналистони мустақил барои хомӯшӣ инъом мегиранд!

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш дар барномаи “Ахбор” журналистон ва рӯзномаҳои мустақилро дар “хушомадгӯйӣ” ба роҳбарияти шаҳри Душанбе муттаҳам кардааст.

Дар гузориши ТВТ, ки ахиран пахш гардид, таъмиру бозсозӣ нашудани бархе аз роҳҳои пойтахт баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки “ҳамаи ин мушкилотро танҳо шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рӯи навор оварда, масъалагузорӣ мекунад, ки ҳадафи он ислоҳ аст. Бо ном рӯзномаҳои мустақилу шахсӣ, ки бо тиражи зиёд ба нашр расида, ба таърифи шаҳрдорӣ машғуланд, ҳақиқати воқеии зикргардидаи моро нодида гирифта, ғайриобъективона инъикос мекунанд.”

ТВТ таъкид кардааст, ки "мавзӯи таҳқиқоти журналистии оянда аниқ аст, ки кадом журналистҳои мустақил нисбат ба проблемаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ошкорбаён ва проблемаҳои шаҳри Душанберо нодида мегиранд? Зеро онҳо барои лаб ба хомӯшӣ задан дар баробари бенавбат гирифтани қитъаҳои замин аз ҳукумати шаҳри Душанбе боз чӣ инъомҳо мегиранд? Ин мавзӯи гузориши дигар аст.”

Тибқи гузориши ТВТ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои таъмири роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд, аммо роҳбарияти ҳукумати Душанбе ба вазъи роҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир накардааст. Инчунин ТВТ саҳми соҳибкоронро дар таъмири роҳҳои навоҳии Тоҷикистон зикр карда, суол гузоштааст, “ку соҳибкороне, ки дар Душанбе бинои аз 10 ошёна зиёд сохта, миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд? Фоидаи онҳо куҷо меравад, ки ҳамагӣ чанд километр роҳро дар пойтахт таъмир намекунанд?”



Ин гузориш ҳамагӣ баъди чанд рӯзи баҳси дигарбора миёни шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон нашр шуд.

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”

Аммо Руқия Қурбонова, собиқ ноиби сарвазир ва муовини феълии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иддаои “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизионро “хандаовар” хонда, раҳбарияти ин Кумитаро дар беҳурматӣ нисбат ба судҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад. Дар матлабе, ки рӯзи 14-уми январ зери имзои Руқия Қурбонва ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, таъкид шудааст, шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд: “Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад.”
Мӯҳр
МУОСИР
эээээээээ ИИИН ШАБАКАИ ЯКУМ КАНДОША ЗАНАД, ТАРЗИ ДИГАРИ КОРРРО ПЕШ ГИРИФТААСТ. аЗ АВВАЛТАР ШУМОРАИ КОРГАРОНИ ЧАВОНАТОНРО ЗИЁД НАМЕКУНЕД ТО РОХБАРОН ДАРК НАМОЯНД КИ ТВ РИСОЛАТИ КАСБИАШРО ИЧРО МЕКУНАД.

юсуф
Асадуло рахмон хамеша бо хакикат бош

Асадулло Рахмон кори касбиашро ичро менамояд ва чаро дигарон мехоханд ба у халал расонанд, бигзор передачахои танкиди бикунанд чунки ин ба манфиати кор мебошад.

навбат
навбати Убайдуллоев шуданда, ранги ручка кок мешавад, эхтиёт кунед

адолат
Ё Худо ин шабакахои мо каи аз сафсатагуи бас мекунанд. хамон хабарнигори мустакил хамкасби ту нест магар ки тухмат мекуни аз муллохо боз ба расонахои мустакил даст заданд. Худо аку ба и хукумати мо сарвари хуб, ки доди кадрхои хуб дех ин фикрхоро аз кучо мегиранд хаирон мешави ман панчсол нон аз хамин расонахои мустакил хурдам хатто худи Убаидуллоевро танкид кардаги дар як маколаам вакте ки камбуди буд эътироф кардаги буд. Рости аз хамон вакт ман ин шахсро мешиносам инсони хакикатчу аст харчанд баъзе корхояшро нодида мегирам.....

Шодон
Ачабо ин сафсаталогияро ки тамошо карда бошад. Шабакаи аввал сад сол хам гузориш дихад, ки касе намебинад ин бефойда аст.

аналитик
Дар хакикат проблемахи зикргардида лар шахрдори вучуд доранд, танхо роххои протоколи тахти назари рохбарияти пойтахт аст! Аммо шубха дар дигар чиз, Убайдулооев дуюм шахси мамлакат аст, ва бовари дорам, ки бе ичозати шахси якум чунин барномахои танкиди дар шабакаи АСОСИИ ДАВЛАТИ нашр намегарданд! Мункин чаноби Убайдуллоев ба ягон хатоги рох доданд ...

Истиклол
Пойтахти чоночони мо нав обод шуда истодааст, ин бинохои муосири хозирзамон, хушкомат, роххои ба талаботи стандартхои байналмилали чавобгу ва дигар иншоотхою сохтмонхо, ки дар даври собик ИЧШС шахри мо ин хел обод набуд. Бале проблемахои коммунали, киммат будани нархи хонахо ва гайра ба назар мерасад, лекин дигар шахрхоро бинед, ба мисли шахрхои Москва, Рио Дежанейро, Нью-Йорк ва гайра онхо ин проблемаро надоранд. Процесси аз навсози пойтахт бо темпи баланд рафта истодааст, охиста охиста хамаш мешавад.
Хизматхои М.Убайдуллоев дар обод кунии шахр хеле калон мебошад, ки онро сокинони пойтахт хису ва дарк менамоянд.

ТВТ боз хам бетахлил навиштааст. Иттихоми навбатиаш минимум делои судист. Яъне, ки дар ин чо руи рост шахрдорро дар таксими ноодилонаи замин бе далелу суд гунахгор намуданд.
Аслан масъалахои манзури тамошобин гузоштаи ТВТ бевосита ба Убайдуллоев рабт надорад. Мусору рохравхои дохили махаллахо ин вазифаи раисони нохия мебошад.

пойтахт камбудихо бисьер дорад ягон сохаи пешрафта нест наклиет, хочагии комунали, бозору магоза, роххои мошингард ……………… пеш гуфтем хозиям мегуем махмасаиди убайдулло аз гамхории сокинони шахр шабхо ором хоб нест дар фикри бехбудии зисти сокинон??????


Исломдуст
Шабакаи якум чота гапои дуруста аз кучое дани гирифта гуфтестай. Вокеан шахрро камбудиаш зиёд асту мегуфтаги одам кам. Лекин видиёро дидам. Духтарак кадом говчигар аст Худо дар кораш пешрави бошад.

Эх.... журналистони мустакил, Шумо ки хакиката мегуед ин ТВТ ба ким чихо тухмат мезанад, чаро хомуш нишатаед. Афсус журналист нестам...... Ин ТВТ аввал ба хамун барномахош нигох кунаду баъд дигаронро танкид кунад. Охир як чизро дар ахбор нишон медихад, вакте ки уро мехаранд такроран нишон намедихад. Як барфи ШМА ё чангхои Сурияю Ирокро такроран 100-хо бор нишон медихан. Ин хам бошад аз шабакахои Руссияву Европа дуздида мегиран..........................................

Бегараз
Ин ТВТ факат мушкилиро факат дар Душанбе медида бошад.Магар Точикистон асту халос?Охир каме аз Душанбе берунтар равед.Масалан тарафи Кургонтеппа,проблемаро дар ончо мебинед.Чаро аз мушкилихои мардум наворе намебардоред?Чаро аз конуншиканихо дар интихобот нагуфтеду намегуед?Чаро бечиноят одамоне,ки хакатан дар ободии Ватан хизмат карданду мекунанд дар зиндонхоянд шумо хомушед?Чаро солона аз Руссия садхо часади бечону бесари чавонони Точикистониро меоваранд садоятонро баланд намекунед?Чаро аз чарохои дигар маводе омода намекунед.Чаро? Чаро? Чаро?

Ин ТВТ факат мушкилиро факат дар Душанбе медида бошад.Магар Точикистон Душанбе асту халос?Охир каме аз Душанбе берунтар равед.Масалан тарафи Кургонтеппа,проблемаро дар ончо мебинед.Чаро аз мушкилихои мардум наворе намебардоред?Чаро аз конуншиканихо дар интихобот нагуфтеду намегуед?Чаро бечиноят одамоне,ки хакатан дар ободии Ватан хизмат карданду мекунанд дар зиндонхоянд шумо хомушед?Чаро солона аз Руссия садхо часади бечону бесари чавонони Точикистониро меоваранд садоятонро баланд намекунед?Чаро аз чарохои дигар маводе омода намекунед.Чаро? Чаро? Чаро?

Эх.... журналистони мустакил, Шумо ки хакиката мегуед ин ТВТ ба ким чихо тухмат мезанад, чаро хомуш нишатаед. Афсус журналист нестам...... Ин ТВТ аввал ба хамун барномахош нигох кунаду баъд дигаронро танкид кунад. Охир як чизро дар ахбор нишон медихад, вакте ки уро мехаранд такроран нишон намедихад. Як барфи ШМА ё чангхои Сурияю Ирокро такроран 100-хо бор нишон медихан. Ин хам бошад аз шабакахои Руссияву Европа дуздида мегиран..........................................

Шабаки якум кори дигар надорад, ахборотхои дуругро пахш намуда, мардуми пойтахтро ба гумрохи бурданист, пешравии пойтахтро нодида мегирад ва нисбат сохтмони иншоотхои баландошена ва сохтмону таъмири кучахои пойтахт, ки хусни дигарро гирифтааст у гуё намебинад, ё ин ки дар пойтахт зиндаги намекнад. Журналист худ хиёбонро аз рохи махалли фарк намекунад. Сафсатагуиро бас карда ба ягон нишондод шинос мешудед хело хуб мешуд














...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)