Ҳалокати ду тоҷик ва боздошти се пулиси узбактабор дар Панҷ

Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фархор”-и отряди сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон миёни мақомоти амниятии Тоҷикистон ва як гуруҳи қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст.
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса шаби 24 ба 25 январ сурат гирифта, дар пайи муқовимати марзбонони тоҷик, қочоқбарони афғон фирор кардаанд. Манбаъ мегӯяд, зимни азназаргузаронии макони ҳодиса 2 ҷасад пайдо шудааст: “Инҳо Хуршед Амирови 26-сола ва Маҳмадшариф Зубайдуллоеви 23-сола, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”.
Дар мавриди дар чӣ шароит кушта шудани ин афрод манбаъ иттилои бештаре ироа накарда гуфт, тафтишоти қазия идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ мегӯяд, чанд рӯз қабл дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии 3-юми отряди сарҳадии “Панҷ” 3 корманди мақомоти умури дохилии Афғонистон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ боздошт шуданд. Манбаъ аз дастгиршудаҳо Маҳмадаюб валади Маҳмадиброҳим, тахминан 20-23 сола, истиқоматкунандаи Қарияи Қанҷиғай, улусволии Имомсоҳиб, корманди полиси дохилии шаҳри Имомсоҳиб, Амирмаҳмад валади Валимаҳмад, тахминан 19-20 сола, истиқоматкунандаи Қарияи Қанҷиғай, улусволии Имомсоҳиб, шунавандаи Академияи сарҳадии шаҳри Кобул, Абдулаҳмад валади Шоназар, тахминан 22-24 сола, истиқоматкунандаи Қарияи Қанҷиғай, улусволии Имомсоҳиб, корманди полиси сарҳадии Қаяи Бутакшони улусволии Имомсоҳиб, ки миллаташон узбак аст, ном бурдааст: “Инҳо айни ҳол дар дар маҳқаммаи муваққатӣ мебошанд ва тафтишот нисбаташон идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |